06:59 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Фоҷиа дар Суғд: бародар додарашро бо зарби корд кушт

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2710 0 0

Дар вилояти Суғд муноқишаи ду бародар бо кордзанӣ ва марги яке анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Сокини ноҳияи Мастчоҳ ба гумони куштор боздошт шуд. Мард бародарашро куштааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Қайд мешавад, ки фоҷиа рӯзи 23 май тақрибан соати 18:00 ба вуқӯъ пайвастааст.

Миёни марди 37-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, мудири хоҷагии деҳқонии "Мирзоодил" ва бародари 28-солааш муноқиша сар задааст. Дар натиҷа бародари бузургӣ аз дохили автомашинааш корд бароварда ва додарашро бо зарбаи корд куштааст.

Кормандони мақомоти қудратӣ гумонбарро дастгир карда ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Пештар аз фоҷиаи дигар дар ин ноҳия хабар дода шуд.

Зани 42-солаеро дар Мастчоҳ бародари ҳамсараш бо 20 зарби корд кушт.

Омили қатли зани 42 сола бародари шавҳари 43 солааш эълом шудааст. Тибқи ин гузориш, фоҷиа замоне рух дода, ки қотил ба думболи ҷанҷол бо зани бародараш 20 зарбаи корд ба бадани ӯ ворид кардааст.

Дар натиҷа зан дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст.

Мавзӯъҳои асосӣ