Фоҷиа дар ноҳияи Дӯстӣ: Рухшонаи 9-сола зери чархи худрав ҷон бохт

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ба гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Рухшонаи 9-сола зери чархи худрав монду дар бемористон ҷон бохт. 

Ҳодиса рӯзи 28-уми майи соли 2019, тахминан соати 16:00 ба вуқӯъ пайваст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Атоев Маҳмадалӣ Саидмуродович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Шаҳритус, дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Дар натиҷа ронанда, пиёдагарди ноболиғ, Қосимова Рухшона Одиловна, соли таваллудаш 2010, хонандаи синфи 2-юми МТМУ, сокини ноҳияи Хуросонро, ки аз тарафи чапи роҳ ба тарафи рост мегузашт, пахш намудааст. 

Манбаъ афзуда, ки пиёдагарди ноболиғ, Қосимова Р.О. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии н.Дӯстӣ ба ҳалокат расидааст.

Вазорати умури дохила мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0