10:19 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Человек закрылся подушкой, архивное фото

Боздошти марди 55-сола барои ташкили фоҳишахона барои ҷавонони Хуҷанд

© CC0 / Wokandapix
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1547 0 0

ВУД аз боздошти марди 55-сола хабар медиҳад, ки манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ба гузориши ин ниҳод, ӯ рӯзи 29-уми майи соли 2019, ба ду ҷавон барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 250 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 55-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.

"Номбурда, рӯзи 29-уми майи соли 2019, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуровро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 24-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ва зани 20-солаи сокини шаҳри Истаравшан барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 250 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Пештар ҳам чунин ҳодиса дар Хуҷанд рух дода буд.

Он замон кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд зани 35 солаеро дастгир намуданд, ки дар хонаи иҷорагирифтааш фоҳишахона ташкил карда буд.

Ин зан,  рӯзи 1-уми феврали соли равон, хонаи муваққатӣ ба иҷора гирифта, воқеъ дар суроғаи кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷандро ба марди 40-сола ва зани 36-солаи сокинони шаҳри мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан супорида, бар ивазаш аз онҳо 300-сомонӣ маблағ гирифтааст.

Мавзӯъҳои асосӣ