09:57 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Боздошти ронандаи бадахлоқ дар Душанбе

Дидам духтари зебо дастамро ба танаш расондам: навори боздошти ронандаи бадахлоқ - Видео

© ВУД РТ
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
395320

Навори боздошти ҷавони бадахлоқ, ки дар паи шикояти духтаре дар Фейсбук бошлошт шуд, дар шабакаи Телевиизиони Тоҷикистон нашр шуд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 12-уми август як нафар ҷавондухтари сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиат ва нашри маводе дар саҳифаи худ дар Фейсбук аз дағалрафтории як ҷавонписар, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лада” шикоят намуда, хостори андешидани чораи қонунӣ гардид. 

“Баъди нашри муроҷиат бо супориши вазири корҳи дохилӣ барои муайян ва боздошт намудани ронандаи бадахлоқ милитсияи пойтахт сафарбар карда шуд”, - таъкид намуд манбаъ. 

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Давлатов Заробиддин Иҳломиддинович соли таваллудаш 16.06.1992 сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Навобод буда, соҳибмулки автомшаинаи тамғаи “ВАЗ-21014” аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 мебошад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки номбурда зимни пурсиш пурра ба амали содирнамудаи худ иқрор шуда, иброз доштааст, ки санаи 12-уми август, ҳангоми идора воситаи нақлиёт дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз тирезаи автомашинаи худ дасташро бароварда, қисмати рони пои чапи ҷавондухтарро қапида, рафтори дағалона намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҷавондухтарро паст задаст.

"Бо мошин рафта истода будам, дар байни роҳ як духтари зеборо дидам. Дастамро аз тиреза бароварда ба танаш расондам", - нақл мекунад ронанда.

Дар идома ронанда меафзояд, ки аз кирдори худ пушаймон аст ва дигар чунин рафтори беадабонаро такрор намекунад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Давлатов Заробиддин бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

Дар навбати худ санаи 13 август бо ҳукми Суди ноҳияи Сино барои кирдори майдаавбошӣ нисбати номбурда Давлатов Заробиддин ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуда, барои адои ҷазо ба Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

Ҳамчунин дар ин навор аз боздошти ронандаи фирорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Фафуров, хабар дода мешавад.

Барчаспҳо:
ҳабс, боздошт, ВКД, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ