17:45 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Таджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа.

Куштор ё худкушӣ: шарҳи расмии марги Азимшоев - масъули Комиссариати ҳарбии ВМКБ

© Sputnik / Амир Исаев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1363 0 0

Вазорати умури дохила дар ВМКБ қазияи куштори корманди Комиссариати ҳарбии вилоят Азимшоев Расулро, ки тибқи иттилои корбарони фейсбук аз тарафи ҳамкоронаш ба қатл расонида шудааст, бепоя хонд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хабари корбарони шабакаҳои иҷтимоиро, дар бораи қазияи куштори масъули Комиссариати ҳарбии вилоят Азимшоев Расул, бардурӯғу бепоя хонд ва акси ҳолро нақл кард.

Тибқи ахбороти ба мақомоти корҳои дохилӣ воридгардида, шаҳрванд Азимшоев Расул Баҳромбекович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Айёмбек, хонаи №103, корманди Комиссарияти ҳарбии ВМКБ, рӯзи 01 октябри соли 2019 бо автомашинаи шахсиаш тамғаи "ВАЗ-21099", рақами қайди давлатиаш 99-09 АА 04 аз хонааш баромада, ба самти номаълум ғайб задааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳангоми гирифтани хабари оперативӣ дар бораи беному нишон гум шудан (бе аризаи оила ва хешовандони наздик) шаҳрванд Азимшоев Р.Б. санаи 01 октябри соли 2019 таъҷилан аз ҷониби роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ кормандони ботаҷрибаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сафарбар карда шуда, аз ҳамин рӯз, ҷустуҷўйи номбурда шуруъ гардидааст.

"Муайян карда шуд, ки номбурда соҳиби ду фарзанди ноболиғ буда, барои аз якдигар ҷудо нашуданашон додгоҳ ба онҳо ду моҳ муҳалт муқаррар кардааст. Дар ин муддат онҳо аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ карда, завҷааш дар маҳаллаи Поршневи шаҳри Хоруғ дар хонаи падараш истиқомат менамудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар байни ӯ ва завҷааш мунтазам ҷангу ҷанҷол ва муноқишаҳои оилавӣ сар мезадааст.

Ба гузориши мақомот, бо ҳамин сабабҳо номбурда моҳи августи соли 2019 муддати 1 рӯз беному нишон гум шуда, аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз хонаи истиқоматиаш дарёфт гардида, ба падару модараш супорида шудааст.

Рӯзи 06 октябри соли 2019, бо ҳамин мазмун аз тарафи Азимшоев Асаншо Саидошурович, писари амаки марҳум Азимшоев Р.Б. дар хусуси бедарак гум шудани писарамакаш ба ШВКД дар ш.Хоруғ ариза ворид гардидааст.

Аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи оперативии Шуъбаи ВКД дар ш.Хоруғ гурўҳои алоҳидаи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, ҷойи кор, кўчаву маҳалла ва деҳаҳои наздики шаҳри Хоруғ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

"Муайян карда шудааст, ки марҳум Азимшоев Р.Б. бинобар сабаби ҷанҷолҳои оилавӣ дар мавзеи Ниводаки шаҳри Хоруғ ба воситаи автомашинаи шахсиаш ба садама дучор гардида, тариқи худкушӣ худро ба дарёи Панҷ партофтааст", - менависад хадамоти матбуотии мақомоти вилоят.

Дар натиҷаи гузаронидани як қатор корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 08 октябри соли равон ҷасади марҳум Азимшоев Р. Б., дар дохили автомашинаи шахсиаш,  бе аломатҳои марги маҷбурӣ аз дарёи Панҷ дар мавзеи Ниводаки шаҳри Хоруғ, дар ҳузури мутахссисони ташхисӣ судӣ-тиббии вилоят ва шахсони холис, аз ҳисоби сокинони маҳаллаи Ниводак дарёфт гардида, ба хешовандонаш супорида шуд.

Айни замон вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ВКД, мақомот, ВМКБ, худкушӣ

Мавзӯъҳои асосӣ