Изҳороти ВУД дар бораи латту кӯби пиразан аз ҷониби писарандар ва набера

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина показывает разбитый кулак, архивное фото
Мужчина показывает разбитый кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қазияи латту кӯби пиразани 82-соларо аз ҷониби писарандар ва наберааш таҳқиқ кардааст

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Хабари латту кӯби бибии 82-сола аз ҷониби писару набера, ки дар сомонаи "Ахбор. ком" рӯзи 23 октябри соли 2019 нашр шудааст, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. 

Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки Мӯминова Нарзибибӣ, соли таваллудаш 1 ноябри соли 1938, сокини кӯчаи Нурафшони ноҳияи Спитаменро рӯзи 16-уми июли соли 2019 наберааш Мӯминов Алишер Ҳасанович латту кӯб намуда, ҷароҳатдор кардааст.

Работа сотрудников ГАИ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Навори латтукӯби як зан аз ҷониби милиса дар маркази Душанбе дар рӯзи Наврӯз

Домод арӯсашро пас аз 10 рӯзи тӯй дар Самарқанд маҷрӯҳ кард-акс

Пиразан иддао дорад, бо гузашти 4 моҳ то ҳол мақомот писарандараш Ҳасан Муъминов ва наберааш Алишерро ҷазое надодаанд.

"Корманди милиса як бор аз ман баёнот гирифт ва дигар ягон сохтор парвои маргу зисти маро накарданд. Оё мани 82 сола ягон ҳуқуқ надорам ё инсон нестам, ки дар хонаи худам ин қадар хушунат дидаю ҷароҳатҳо мебардорам, аммо касе ба додам намерасад”, - навиштааст, манбаъ аз қавли пиразан.

ВКД: латту кӯби марди афғон ва ҳалокати духтарчаи 3 сола

Дар ин росто, ВКД Тоҷикистон мегӯяд, дар асоси қарори таъйини экстпертизаи судӣ-тиббӣ аз 18-уми июли соли 2019 аз тарафи экстперти судӣ-тиббии ноҳияи Спитамен экспертизаи суддӣ-тиббӣ гузаронида шудааст.

"Мутобиқи хулосаи эксперт таҳти №255 аз 20-уми июли соли 2019 ҷароҳати ҷисмонии бардоштаи шаҳрванд Мӯминова Нарзибибӣ ҳамчун зарари сабук ба саломатӣ расонида шуда мансуб дониста шудааст", - таъкид кардааст ВУХ.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса санҷиш идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0