08:15 28 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
235 0 0

Зани 22-сола тифли навзодашро бар ивази 1000 сомонӣ ба зани 32 сола фурӯхтааст. Кормандони ВКД ӯро боздошрто кардаанд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Кормандони милитсия зани 22-солаи сокини сокини шаҳри Душанберо бо гумони хариду фурӯши тифли навзод дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Тифли навзод бар ивази пул: боздошти зани 25-сола барои фурӯши тифли навзод

Гуфта мешавад, ки дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши тифли навзод дастгир карда шуд.

Дар Душанбе зани 30-сола ба иттиҳоми одамфурӯшӣ дастгир шуд

"Номбурда, ҳангоми дар шаҳри Ҳисор қарор доштанаш, тифли навзоди худ - духтаракро, ки санаи 5-уми сентябри соли 2019 дар таваллудхонаи шаҳри Ҳисор ба дунё оварда, ба зани 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 1000 сомонӣ фурӯхтааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ