Боздошти директори КВД "Сохтмони Манзили Дастрас" : барои фиреби сокини Хоруғ

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкРуки задержаного в наручниках, архивное фото
Руки задержаного в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Директори КВД "Сохтмони Манзили Дастрас" бо ваъдаи додани манзил 123 ҳазор сомонии сокини шаҳри Хоруғро гирифта ӯро фиреб додааст

ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздшоти директори КВД "Сохтмони Манзили Дастрас" хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 62-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, директори КВД "Сохтмони Манзили Дастрас", дастгир карда шуд.

Счетная палата Таджикистана. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Хисороти молии "Манзили дастрас" рекордӣ шуд

Тибқи иттилои ин ниҳод, номбурда, санаи 27-уми апрели соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини шаҳри Хоруғ даромада, аз ӯ 123 ҳазору 537 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз биноҳои баландошёнаи навсохташуда, воқеъ дар кӯчаи Сино, бинои 42, ба масоҳати 59,45 м.2 манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад.

Аммо гумонбаршаванда маблағи мазкурро тибқи шартнома қабул намуда, маблағи гирифтаашро ҳамчун шахси мансабдор дар суратҳисоби КВД «Сохтмони Манзили Дастрас» ворид накарда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

"Нисбати гумонбаршаванда аз тарафи Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 323, 247 қ.4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 37-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 16-уми ноябри соли 2019, дар кӯчи Айнии ноҳияи Шоҳмансур зани 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиашро ба мақсади фурӯш гирифта, то ҳол барнагардонида, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Манзилҳо ва худравҳои мудири "Манзили дастрас" мусодира шуданд

 Ҳамин тариқ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2019, дар кӯчаи М.Маҳмадалии пойтахт марди 49-сола, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 32 ҳазору 125 сомониро гирифта, то ҳол барнагардонида, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0