13:03 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
143 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз бошдошт шудани чаҳор кас: ду ноболиғ ва ду ҷавон ба ҷурми дуздӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Бино ба гузориши ВУД Тоҷикистон, гумонбаршудаҳо дар асоси шикояти шаҳрвандон дар паи баргузории амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудаанд.

Дуздии ҷавоҳирот ва боздошти марди 26-сола

Ҳамин тавр, тибқи иттилои манбаъ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 63-солаи сокини кӯчаи Н.Махсуми пойтахт муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 3-юми декабри соли 2019, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷузвдон ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

ВУД зарари расонидашударо 20 000-сомонӣ мегӯяд.

Бино ба гузориши ин ниҳод, дар паи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини кӯчаи Шевченкои шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дуздии ду телефон ва боздошти ду ноболиғ

Дар баробари ин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи зани 43-солаи сокини деҳаи Гулистони ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Самсунг” ва 1-адад гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 11 000-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар ноболиғи 16 ва 17-солаи сокинони деҳаи Гулистонро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дуздии маблағ ва дастгир шудани марди 24-сола

Ҳамчунин оид ба ҳодисаи дуздӣ ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон аризаи марди 81-солаи сокини ҳамин шаҳр ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ якчанд маротиба ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 18 000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 23-солаи сокини шаҳри мазкур ва марди 24-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.

ВУД мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ