Зебоиро шикаста гурехт ва боздошт шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки як дарахти ороиширо шикаста, фирор карда буд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Бино ба ин манбаъ, 12-уми январи соли равон тахминан соати 09:20 дақиқаи субҳ ронандаи сабукрави номаълум ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Саид Носир ба сӯи кӯчаи Саъдии Шерозӣ дар зери пули кӯчаи Исмоили Сомонӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили самти ҳаракати роҳ мебарояд ва дар қисми кабудизоршудаи байни роҳи автомобилгард ду дарахти ороишии навъи "Сирена"-ро шикаста, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

Facebook, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Бо кумаки Фейсбук”: 9 нафар дар Душанбе боздошт ва ҷарима шуданд

"Автомашинаи мазкур дар кофтуков эълон гардид. Дар пайи корҳои тафтишотӣ маълум карда шуд, ки ин хилофкориро ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри", рақами қайди давлатиаш 2002 RS 01 шаҳрванд Мустафо Исмоилов, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро анҷом додааст. Ӯ рӯзи 15 январ боздошт шуд", - омадааст дар хабари РВКД дар шаҳри Душанбе.

Бино ба ин манбаъ, тибқи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон алайҳи номбурда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, вазифадор карда шуд, ки зарари расонидашударо барқарор намояд.

"Сирена" дар қатори даҳҳо намуди дигари дарахтони ороишӣ дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон шинонида шудааст, ки аз хориҷи кишвар ворид шудаанд ва бино ба бархе ҳисобҳо, воридоти ин гуна дарахтон 25 миллион сомониро ташкил додааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хостааст, ки ба ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

Лентаи хабарҳо
0