ВКД: хонандаи синфи 3-юм ду мошин дуздид

© PixabayВодитель за рулем автомобиля, архивное фото
Водитель за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазоарти умури дохилаи Тоҷикистон аз мошиндуздии ноболиғ, хонандаи синфи сеюм дар Регар, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Бино ба гузориши ВКД, ӯ ду мошини худрави тамғаи "Дэу-Тико"-ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

Дар ин бора ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода марди 44-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст.

Угнанный автомобиль Опел-Астра  - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ноболиғ барои мошиндуздӣ дастгир шуд

Мард шикоят кардааст, ки шаби 6-уми феврали соли 2020, ноболиғи 11-солаи сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри мазкур, хонандаи синфи 3-юми МТМУ, автомашинаи шахсиаш тамғаи "Дэу-Тико"-ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

Ҳамзамон, номбурда рӯзи 6-уми феврали соли 2020, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, автомашинаи шахсии тамғаи "Дэу-Тико",-и марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин шаҳрро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

"Зарари расонидашуда 26 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ азуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт, дастгир карда шуд.

Номбурда, шаби 30-юми январи соли 2020, тахминан соати 02:00, аз нуқтаи шустушӯи нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Р.Қурбони шаҳри Бӯстон автомашинаи тамғаи «Киа-Рио»-ро, ки ба марди 25-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

Оид ба ин ҳодиса павандаи ҷиноятӣ бо моддаи 252 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0