05:45 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
391 0 0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти се сокини Душанбе, ки соҳибкори чиниро ғорат карданд, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Бино ба гузориши ВУД Тоҷикистон, дар ин бора ба  ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 30-солаи шаҳрванди Чин, муроҷиат кардааст.

Тибқи иттилои манбаъ, соҳибкори чинӣ муваққатан сокини кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе буда,бо ариза ба мақомот муроҷиат кардааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки ки шаби 16 ба 17-уми феврали соли 2020, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонааш, вокеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ даромада, аз он ҷо 8-адад телевизори тамғаи "Ясин"-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

"Зарари расонидашуда 8 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома. 

Бино ба гузориши ВУД, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро мардони 24, 26 ва 46-солаи сокинони кӯчаи Айнии пойтахт, ки як нафарашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст содир кардаанд.

Ҳар рӯз зиёда аз 3 ҷинояти террористӣ: ҳисоби милисаҳои Тоҷикистон

Манбаъ афзуда, ки мардон бо маслиҳати пешакӣ бо муҳофизи корхонаи мазкур марди 60-солаи сокини ноҳияи Темурмалик ба дуздӣ даст задаанд.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ғоратгарӣ, ғорат, Тоҷикистон, ВУД

Мавзӯъҳои асосӣ