06:35 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
187201

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавон хабар медиҳад, ки барои мардони ҷавон ва занони бузургсол барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам мекардаанд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҷавонони дастгиршуда, сокинони ноҳияи Рӯдакии шаҳри Душанбе мебошанд, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад.

Бино ба гузориши ВУД, ҷавонон ба рӯзи 19-уми феврали соли равон тахминан соати 11:00, хонаи ба иҷора гирифтаашон, воқеъ дар кӯчаи Ғ.Абдуллоро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 21 ва зани 36-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд.

Рашк: кордзан ҷабрдидаи 57-соларо дар ишқварзӣ бо занаш айбдор кард - видео

Дар ҳамин ҳол, худи ҳамон рӯз - 19-уми феврал ҷавонон тахминан соати 19:00, хонаи мазкурро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 34 ва зани 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе, дода, аз онҳо 170-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд.

ВУД: Насимҷон Раҳмонов маъшуқи афғони занашро дар Душанбе куштааст-видео

Инчунин, онҳо бо ҳамин роҳ санаи 19-уми феврали соли 2020, тахминан соати 16:00, хонаи ба иҷора гирифтаашон, дар суроғаи боло зикргардидаро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 32 ва зани 36-солаи сокининони пойтахт, шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
маҳрамона, дастгир, дастгир, ВУД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ