18:51 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
276 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳад, ки ба гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 63-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шурободи ноҳияи Ш.Шоҳин ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст

Бино ба гузориши ВУД, номбурда, рӯзи 5-уми марти соли 2020, тахминан соати 08:50, дар кӯчаи Марказии ноҳияи мазкур, бо марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шурободи ҳамин ноҳия вохӯрдааст.

Аз сабаби муноқишаи ба миён омада, мард бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қисмати чапи қафаси синааш задааст.

"Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома. 

Манбаъ афзуда, ки айни замон нафари гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Барчаспҳо:
кордкашӣ, ВУД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ