10:55 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
313 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара ба далели дуздӣ хабар додааст

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Бино ба гузориши ВУД, ҳодисаи дуздӣ дар бозори "Фаровон" - и шаҳри Бохтар ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза ҷавони 25-солаи сокини кӯчаи Д.Халқҳои ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 12-уми марти соли 2020, тахминан соати 13:00, дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтар шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз болои нуқтаи савдояш якчанд либосҳои мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Кисабурии зани 55 - сола дар бозори Корвон: қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст

"Зарари расонидашуда 5 ҳазору 145-сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шудааст.

Боздошти зани 36-солаи сокини Дарвоз ба иттиҳоми дуздӣ дар Корвон

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Фаровон, дуздӣ, дуздӣ, Бохтар

Мавзӯъҳои асосӣ