Боздошти сокини ноҳияи Вахш: занеро фиреб додаву 12 ҳазор долларашро гирифтааст

Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳад, ки дар кирдори қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, марди гунаҳкор дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.

Ҳамин тавр, марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, моҳи декабри соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0