Масъулини муассисаи тиббии Бӯстон як милион сомониро тасарруф кардаанд – шарҳи прокурор

© SputnikПрокуратураи вилояти Суғд
Прокуратураи вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Прокурори вилояти Суғд теъдоди парвандаҳои дорои фасоди молиро шарҳ дод. Ба иттилоъи прокурор яке аз ин парвандаҳо ба муассисаи тандурустии шаҳри Бӯстон алоқаманд будааст, ки масъулин беш аз як миллион сомонӣ маблағҳои давлатиро аз они худ кардаанд

ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Ҳабибулло Воҳидов, прокурори Суғд дар нишасти матбуотии рӯзи 17-уми июл, бандубасти парвандаҳои дорои хусусияти корррупсиониро шарҳ дод.

Номбурда гуфт, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 109 парвандаи ҷиноии дорои хусусияти коррупсионидошта аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура дар Суғд оғоз карда шудааст.

"Масалан Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бӯстон, ки яке аз муассисаҳои давлатӣ мебошад, дар вақти санҷишҳои прокурорӣ муайян карда шуд, ки зиёда аз як милион сомониро азони худ кардаанд. Ибтидо мо нисбати 529 ҳазор сомонӣ парвандаи ҷиноиро нисбати масъулони ин муассиса ба анҷом расонида ба суд ирсол намудем. Суд ҳукм баровард ва ин миқдор маблағ аз ҷониби гунаҳгорон барқарор карда шуд", -гуфт Воҳидов.

Прокурори вилояти Суғд афзуд, он парвандаҳое мавриди тадбиқи қонуни авф қарор дода хоҳад шуд, ки агар азхудкунии маблағҳои давлатӣ барқарор карда шавад, дар акси ҳол чунин парвандаҳо бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд фиристода мешавад.

Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Аз андоз сарпечӣ кард: Ожонси зидди фасод намояндаи "Озод сохтмон"-ро дастгир кард

Воҳидов иброз намуд, ки дар ин самт тафтишоти парванда нисбати 500 ҳазор сомонии тасарруфшуда дар ин муаасисаи тиббӣ давом дорад.

То ин вақт дар ҷараёни тафтишот 360 ҳазор аз 500 ҳазор сомонӣ маблағи давлатии тасарруфшуда дар Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бӯстон барқарор шудааст, вале нисбати маблағи боқимонда ҳамоно таҳқиқ давом дорад.

Прокурори Суғд, яке аз самтҳои кори ин ниҳодро мубориза бо коррупсия маънидод карда, гуфт бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия” мақомоти прокуратура аз субъекҳои муборизабаранда бо зуҳуроти коррупсия маҳсуб дониста мешавад.

Лентаи хабарҳо
0