10:47 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
430 0 0

Суди Олии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, парвандаи 103 “ихвоние”, ки дар ҳоли баррасӣ аст, махфӣ намебошад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, парвандаи аъзои созмони “Бародарони мусулмон”, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, махфӣ нест.

"Дар ин парванда 103 нафар ҳамчун судшаванда мегузаранд. Азбаски имконияти 103 нафар судшавандаро ба толори судии Суди Олӣ оварда, баррасӣ кардани парвандаи онҳо хеле кори сангин аст, зарур дониста шуд ин баррасиҳои судӣ дар муассисаҳои маҳрумӣ аз озодӣ гузаронида шаванд”, - гуфт Шавкат Лутфуллозода.

Дар таъйиди суханони ӯ Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон гуфт, агар ба шакли махфӣ набошад, маълумот омода намуда, онро дар сомонаи Суди Олӣ ҷой хоҳанд кард ва дар нишасти матбуотии оянда ҳатман маълумоти пурра хоҳанд дод.

Бино ба иттилои Суди Олӣ, аъзои созмони “Бародарони мусулмон” аз рӯи шаш моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла 187, қисми 1 – “ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (аз 15 то 20 сол), 307 – 1 – “даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (аз 2 то 5 сол), 307 – 2 – “ташкили иттиҳоди экстремистӣ (аз 8 то 12), 307 – 3 – “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” (аз 5 то 8 сол), 107 – “дузанагӣ” (як ҳазор нишондиҳанда ё 2 соли корҳои ислоҳӣ) ва 347 – “хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он” (аз 500 то 1000 нишондиҳанда) муттаҳам мешаванд.

14 июл Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш эълон карда буд, ки парвандаи 132 узви созмони “Бародарони мусулмон” (“Ихвон – ул – муслимин”, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба додгоҳ ирсол шудааст ва 73 нафари дигар, ки аз тафтишот пинҳон шудаанд, дар кофтуков қарор доранд.

Барчаспҳо:
Шермуҳаммади Шоҳиён, Бародарони мусалмон, парванда, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ