00:59 24 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
42401

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду ҳолати қаллобӣ яке дар шаҳри Душанбе ва дигаре дар Ваҳдат, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 36-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 6-уми августи соли 2020, ҳангоми дар кӯчаи Абдуллобекови ҳамин ноҳия қарор доштанаш, марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хераварзи ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 30-тонна ордро ҷамъ ба маблағи 55 ҳазору 503 доллари амрикоӣ барои фурӯхтан гирифта, маблағашро ба манфати шахсиаш сарф намудааст. 

Мардумфиреб ба даст афтод: 10 000 гирифту дар озод шудани боздоштшудаҳо мусоидат накард

Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 66-солаи сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намудааст.

Ин мард гуфтааст, ки соли 2016, ду ҷавони 26-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 96 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки хоҷагии деҳқонии фермерии ба номи “Маҳмуд” бо бинои ёрирасон, дар ҷамоати деҳоти Гулистонро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳанд.

Аммо маблағи гирифтаашонро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ВКД, қаллобӣ

Мавзӯъҳои асосӣ