20:00 30 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
62801

Ба гуфти Наргиз ӯ ҳунармандро то замоне дастгирӣ мекард, вале ӯ худро дар баррасии додгоҳӣ рафтори номуносиб кард

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Сарояндаи машҳури Русия, Наргиз Зокирова рафтори ҳунарманд Михаил Ефремовро дар додгоҳ, ки парвандаи садамаи марговар баррасӣ мешавад, шарҳ дод.

"Вақте ман мебинам, ки ин ба як сафсатае табдил меёбад...Вақте ман мебинам, ки Михаил Ефремов нисбати хешовандони қурбоншуда муносибати дағалона мекунад, вақте мебинам, чигуна ӯ дар додгоҳ мешинад", - изҳор дошт Наргиз дар мусоҳиба бо шабакаи НТВ.

Наргиз афзуд, ки Ефремов бояд барои куштори одам аз рӯи қонун ҷавоб гӯяд ва паси панҷара равад.

Ба гуфти ӯ барои вазъи саломатиаш худи ӯ ва наздиконаш масъул ҳастанд, на ҷомеъа.

"Оне, ки ӯ бемор аст, мушкили ҷомеъа нест, ин дар навбати аввал мушкили худи ӯст. Ва мушкили наздиконаш, ки ӯро иҳота мекунанд", - изҳор дошт сароянда.

Наргиз мегӯяд, рафти баррасии парвандаро мушоҳида дорад, гарчӣ наонқадар кори хушоянд аст.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 8 июн бо иштироки ҳунарманд Михаил Ефремов садамаи маргбор рух дод.

Ба гуфти мақомот, Ефремов сари чанбараки Jeep Grand Cherokee ба роҳи муқобил баромад ва бо худрави "Лада" бархӯрд. Ронандаи мошини истеҳсоли ватанӣ курери мағозаи интернетӣ - Сергей Захаров, аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ба ҳалокат расид.

Пас аз ин ҳодиса кашамакашиҳои зиёде сар шуд: аввал ҳунарманд ба кори кардааш иқрор шуд, вале баъдтар ҳимоятгарони ӯ парвандаро ба таври дигар бурда, аз иқрори гуноҳ саркашӣ карданд.

Феълан Ефремов дар бандии хонагӣ қарор дорад, ба ӯ аз 5 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳукми ҳунарманд рӯзи 8 сентябр эълон хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
ҳукм, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ