08:12 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
455 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз лату кӯб ва ғорат шудани зани 42-сола, сокини шаҳри Душанбе хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохила, ин занро ду бону лату кӯб кардаву сипас ғорат намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур санаи 24 сентябр рух додааст.

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 42-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда шикоят кардааст, ки санаи 24-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 13:30-дақиқа ӯро дар хонаи модараш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри мазкур ду нафар зан лату кӯб намуда бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ телефони мобилашро, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 810-сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Дар ин росто, Вазорат хабар медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия занони 38 ва 43-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шудаанд.

Барчаспҳо:
лату кӯб, ғорат, Душанбе, Ваҳдат

Мавзӯъҳои асосӣ