Раёсати ВКД дар Душанбе: "Баҳриддинро облава набурдааст, ӯ талбандагӣ мекард"

© Sputnik / Амир ИсаевОпустевшие дороги в городе Душанбе
Опустевшие дороги в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вокунише нашр карда аз мардум хоҳиш кардааст, ки ҳар амали кормандони мақомоти қудратиро ба "Облава" рабт надиҳанд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, рӯзи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз роҳи мошингард баровардани 1 нафар ҷавонписар бо як нафар ҷавондухтар аз ҷониби ду нафар корманди милитсия инъикос ёфтааст.

Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон
Облава дар рӯзи равшан: ҷавонро аз назди бозори "Меҳргон" бурданд - навор

Манбаъ афзудааст, ки муаллифи навор ҳодисаи мазкурро "ҳолати ба таври маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонписар (ба истилоҳ облава)" шарҳ дода, баъдан ба як қатор расонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн намудааст.

Навори мазкур баъди паҳн гардидан дар шабакаҳои интернетӣ мавриди вокуниши шадиди корбарон қарор гирифта, зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ҳодиса мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Вобаста ба аз байн бурдани нофаҳмии бавуҷудомада ва муайян намудани ҳолати воқеӣ дар асоси супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шахсияти ҳамаи иштирокдорони навор, аз ҷумла кормандони милитсия, ҷавонмарду ҷавонзани дар навор инъикосгардида ва муаллифи навор муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шудаанд.

"Зимни санҷиш муайян карда шуда, ки онҳо: Пардаев Бадриддин Искандарович санаи таваллудаш 11.09.1993, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Тулдара, деҳаи Баҳор оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва ҳамсараш Халосова Озода Шамсиддиновна санаи таваллудаш 26.09.1995 сокини суроғаи болозикргардида мебошанд", - омадаатс дар хабарнома.

Ба иттилои онҳо, рӯзи  30 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди давродаври қисмати чапи пули Текстил, рӯ ба рӯи бинои Шарқи озод, дар роҳи мошингард ҳангоми машғул шуданашон ба талбандагӣ кормандони милитсия ҳозир шуда, хостанд аз роҳи мошингард ҷавони талбанда Бадриддин Пардаевро ба канори роҳ бароранд. Дар ин лаҳза ҳамсари ӯ Озода Халосова монеи амалкарди кормандони милитсия гардида, намегузорад ки кормандони милитсия ӯ ва шавҳарашро аз роҳи мошингард ба канори роҳ бароранд.

Призыв, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Навори зӯран ба мошин бор кардани ҷавон: корбарон мегӯянд “облава” сар шуд-видео

Ин ҳодисаро ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус RX рақами қайди давлатиаш 9345 ЕМ01 шаҳрванд Латипов Насимҷон Ҳақдодович соли таваллудаш 11.01.1994 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ҷомӣ тавассути телефони мобилиаш сабт намуда, бо гузашти 6-7 рӯз навори мазкурро носанҷида ба таври иғвоангезӣ ҳамчун "ҳодисаи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан (облава)" бозтобӣ намуда, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва ирсол намудан ба расонаҳои хабарӣ дар шабакаи Интернет паҳн намудааст.

ВКД мегӯяд, худи шаҳрванд Латипов Насимҷон ҳодиса санаи 30 сентбяр рух дода буд, ки ҳатто дар ин руз даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз нагардида, муаллифи навор дидаю дониста ин хабари бардуруғро ҳамчун ҳодисаи "облава" паҳн намудааст.

Раҳмон дар бораи "облава": қонуншикании ҷиддист, ҳатто беморонро мебаранд

"Ҷои нигаронист, ки як қатор расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ ҳолати корро ба таври пурра дарк ва дуруст ташхис накарда, якҷониба ба таври худ ин ҳодисаро низ ҳамчун ҳодисаи "облава" инъикос намуданд, ки ин амали рузноманигорон хилофи этика ва меъёрҳои журналистӣ аст".

Ин дар ҳолест, ки тибқи нишондодаш шаҳрванд Пардаев Бадриддин аз соли 2010 то 2012 дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа воқеъ дар шаҳри Конибодом хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, бар замми ин соҳиби 3 фарзанд мебошад ва ҳодисаи мазкур ба "облава" ягон рабт надорад.

Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки кормандони милитсия ӯҳдадоранд ҳар як ҳолати вайроннамоии қоидаҳои ҳаркати роҳ аз ҷониби шаҳрвандон, аз ҷумла машғул шудан ба талбандагӣ дар роҳҳои мошингард, зери чароғакҳои роҳнамо дуд додани испанд, ба фурӯш баровардани ҳар гуна маводҳои кӯдакона дар роҳҳоро пешгирӣ ва нисбаташон чораандешӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0