Пули "Бонки Эсхата" -ро зада, терминалҳоро шикастанд: боздошти ду бародар ва рафиқашон

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкАрест. Архивное фото
Арест. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бародарон Сайҳун ва Абдумаҷид Абдуманоновҳо ва ҳамаслаки онҳо Суҳроб Ҷӯраев баъди дуздии пайдарпайи терминалҳои пулгузаронӣ дар маҳаллаҳои Хуҷанд, оқибат ба дасти милитсия афтоданд

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Идораи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо ироаи ин иттилоъ гуфт, нафарони боздоштшуда, ҳама сокинони шаҳри Хуҷанд буда, аз моҳи декабри соли гузашта то аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ ба ғорати терминалҳои пулгузаронӣ машғул шудаанд, ки дар ҳафт ҳолат аз 2760 то 12 000 сомониро дуздидаанд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷавонон ин ҷиноятро шабона содир намудаанд.

"Гумонбарон дар ҳайати гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ ва бо асбоби оҳании мехкашӣ сарпуши теминалҳоро кушода, дастгоҳи пулқабулкунӣ ё кешкодро тасарруф намуда, баъди ба дасти овардани маблағи ҷамъшуда, таҷҳизоти пулқабулкунакро ҳамчун ашёи нолозим партофтаанд", - гуфт Шарифӣ.

Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи ҷавонон ба ҷуз дуздии маблағи терминалҳои мавҷудбуда дар маҳаллаҳои 13, 18, 20 ва 28 - уми Хуҷанд ба соҳибмулкон "Бонки Эсхата" ва "Душанбе Ситӣ" зарари молумулкӣ расонидаанд.

Гумонбарон аз ҷумла санаи 14 декабри соли гузашта аз терминали назди мағозаи "Доро" воқеъ дар маҳаллаи 20 - уми Хуҷанд 7518 сомониро тасарруф намуда, дастгоҳи ҳисоб ва қабули пул, ки маҷмӯан 4950 сомонӣ арзиш дошт, шикаста корношоям кардаанд.

Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид-видео

Мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ҳоло нисбати "иттифоқи сегона" бародарон Сайҳуни 28 - сола, бародараш Абдумаҷид Абдуманнонови 22 - сола ва шарики онҳо Сӯҳроб Ҷӯраеви19 - сола, бар асоси моддаи 244 (дуздӣ ) - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз намудааст.

Лентаи хабарҳо
0