00:20 05 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
304 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ноболиғе хабар медиҳад, ки дар авбошӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, дар бораи ҳодисаи мазкур ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст.

Ин мард шикоят кардааст, ки 20-уми январи соли 2021, тахминан соати 23:40, дар дохили хобгоҳи "Текстил", воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол кардааст.

Мусодираи силоҳи оташфишон аз сокини Турсунзода: "барои ҳимояи оилаам харидам"- навор

Тибқи иттилои манбаъ, ноболиғ ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корд 1-маротиба ба китфи росташ задааст.

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома. 

Манбаъ афзуда, ки феълан гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, кордкашӣ, Душанбе, дашном, дашном

Мавзӯъҳои асосӣ