10:57 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Шермухаммад Шохиен. Архивное фото

Шоҳиён гуфт, Тоҷикистон 1 миллион муҳоҷир надорад

© Sputnik / Алексей Куденко
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, омор дар мавриди як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дурӯғ аст, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Шоҳиён, ки имрӯз зимни як мизи гирд вобаста ба ҳамкории рӯзноманигорон дар мавсими интихобот суҳбат мекард, дар мавриди ифтитоҳи ҳамагӣ се нуқтаи овоздиҳӣ барои қариб як миллион муҳоҷири тоҷик изҳор дошт, ки ҳанӯз ба ташкили комиссияҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар оғоз накардаанд.  

"Комиссияҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар бо пешниҳоди Вазорати умури хориҷӣ ташкил мешаванд ва мо феълан ба ин кор оғоз накардаем. Он иттилоъ дар мавриди ифтитоҳи ҳамагӣ се нуқтаи овоздиҳӣ бепоя аст, чун феълан иттилои дақиқе дар ин маврид нест", — афзудааст Шоҳиён.

Шоҳиён гуфтааст, бар асоси оморе, ки онҳо доранд, дар 11 моҳи соли равон аз Тоҷикистон 630 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар сафар карда, ки аз ин шумор ҳудуди 400 ҳазор нафар баргаштааст.

"Муҳоҷирони меҳнатии мо мавсимӣ сафар мекунанд. Чун интихобот дар парлумон 1-уми марти соли 2015, яъне зимистон баргузор мешавад, дар ин вақт аксари муҳоҷирон ба ватан бармегарданд ва озодона метавонанд дар интихобот ширкат кунанд", — илова кардааст раиси комисияи интихоботӣ.  

Қаблан Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки расман дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, ҳудуди 1 миллиону 100 ҳазор нафар эълон карда буд.

Мавзуъ

Президенти Тоҷикистон ваъдаи баргузории интихоботи шаффофро дод
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, интихоботи парлумонӣ, КМИРТ, Шермуҳаммади Шоҳиён, Душанбе, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ