05:57 28 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Школьники, архивное фото

Дар Русия ба фарзандони муҳоҷирин забони русӣ меомӯзанд

© Sputnik / Алексей Куденко
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
45 0 0

Палатаи ҷамъиятии Русия ба вазорати маорифи ин кишвар пешниҳод кардааст, ки барои атфоли муҳоҷирин ҷиҳати омӯзиши забони русӣ мактабҳо таъсис диҳад.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ин ташаббус наздик ба 500 ҳазор кӯдакро фаро мегирад, ки қисмати бештари онҳо барномаи таълимии маъмулиро дар макотиби таълимоти умумӣ наметавонанд аз бар кунанд, иттилоъ медиҳад "Русия барои ҳама". 

"Дар Русия то 4-уми декабри соли равон 150 ҳазор ноболиғон аз Тоҷикистон, 174 ҳазор нафар аз Ӯзбакистон, 100 ҳазор аз Қирғизистон ва 51 ҳазори дигар аз Молдова расман сабти ном шудаанд"- менависад манбаъ дар такя ба асноди пешниҳодсохтаи ХФМ-и Русия.

Ба макотиби миёнаи Русия бештар кӯдаконе оварда мешаванд, ки забонро аслан намедонанд, чун волидайнашон муҳоҷирини корӣ буда, аксари онҳо аз кишварҳое мебошанд, ки забони русӣ дар муколамаи умумӣ нақш надорад. 

Аз сабаби камбуди барномаҳои таълимӣ ҳатто миёни синфҳои болоӣ афроде ёфт мешаванд, ки наметавонанд бо русӣ суҳбат кунанд. 

Таҳлилгароне, ки ин масъаларо пайгириӣ кардаанд, мегӯянд танҳо  атфоли укроинӣ мушкили такаллум бо забони русӣ надоранд. Дар баъзе шаҳрҳои бузург ин гуна мактабҳо вуҷуд доранд, ки дар онҳо ним соли аввал атфол танҳо забон меомӯзанд. Аммо теъдоди ин гуна мактабҳо хеле каманд ва палатаи ҷамъиятӣ мехоҳад ин як барномаи фарогири умумӣ бошад, ки вазорати маориф роҳандозӣ кунад. 

Аммо дар вазорати маорифи Русия ба "КоммерсантЪ" гуфтаанд, ки ин масъаларо на аз роҳи таъсиси мактабҳои нав, балки боло бурдани малакаи омӯзгорон мехоҳанд ҳал кунанд.

 

Барчаспҳо:
барои фарзандони муҳоҷирин, омӯзиш, вазорати маорифи Русия, ХФМ, Палатаи ҷамъиятии Русия, Қирғизистон, Малдова, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ