Муҳоҷирони тоҷик Русияро тарк карда ба Сурия “меафтанд”

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкКаромат Шарипов. Акс аз бойгонӣ
Каромат Шарипов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба андешаи роҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони кории тоҷик” ҳамватанони мо, ки алъон маҷбуранд Русияро тарк намоянд, имкон доранд ба гурӯҳҳои иртиҷоии Ироқ ва Сурия бипайванданд.

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши умумирусиягии "Муҳоҷирони кории тоҷик" бар ин назар аст, ки коҳиши қурби рубл муҳоҷиронро водор мекунад ин кишварро тарк кунанд, менависад оҷонсии маҳаллии Тоҷнюс.

"Бахши муҳими муҳоҷирини тоҷики муқими Русия қасд доранд ба Ватан баргарданд ва дубора наоянд,- афзудааст Каромат Шарипов аснои сӯҳбат  дар як шабакаи радиои Русия.

Сарвари Ҷунбиши умумирусиягии тоҷикон гуфтааст, ки имрӯз ҳазор рубли русӣ дар Тоҷикистон 65 сомонӣ арзиш дорад, ин дар ҳолест, ки  қаблан ҳазор рубл ба 126-130 сомонӣ табодул мешуд.

Ба саволи хабарнигори ин радио, ки муҳоҷирини бозгашта куҷо хоҳанд рафт, Каромат Шарипов посух додааст, ки тибқи пешбиниҳо метавонанд ба Ироқ ё Сурия раванд.

Ҷанг дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд

Бино ба гуфтаи ӯ ба муҳоҷирин моҳона намедиҳанд.Қарзи корфармоён аз муҳоҷирини корӣ танҳо дар Маскав болотар аз 1 миллиард рубл аст.

Ба назари коршиносон, аз сабаби заъфи пули русӣ муҳоҷирини корӣ аз ИДМ, аз ҷумла аз Тоҷикистон интиқоли пул ба ватанашонро коҳиш додаанд.

Қаблан, Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки расман дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, ҳудуди 1 миллиону 100 ҳазор нафар эълон карда буд. Аммо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР-и Тоҷикистон ду рӯз қабл омори ХФМ-и ФР-ро бепоя хонад гуфт, бар асоси оморе, ки онҳо доранд, дар 11 моҳи соли равон аз Тоҷикистон 630 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар сафар карда, ки аз ин шумор ҳудуди 400 ҳазор нафар баргаштааст.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ феълан дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон ширкат доранд ва аз ин теъдод 50 нафарашон ҳалок шудааст.

Лентаи хабарҳо
0