10:53 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Гастарбайтеры на строительном рынке в Строгино.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод тарҳи қонуни муҳоҷирати кориро таҳия кунанд

© Sputnik
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Зимни ироъаи пайёми худ ба вакилони порлумон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили мубрами муҳоҷирони корӣ тавваҷӯҳ карда дастур дод, ки то охири соли ҷорӣ қонун дар бораи ҳимояи ҳуқуқи онҳо таҳия карда шавад.

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то охири соли ҷорӣ тарҳи қонун дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод шавад, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста".

Раҳбари кишвар таъкид кард, ки дар тарҳи қонун бояд роҳҳои беҳбуди ҳуқуқ ва донишҳои муҳоҷирони корӣ инъикос шавад.

"Мо бояд ба таълими касбии онҳо таваҷҷӯҳ карда, ба онҳо забон ва фарҳанги кишвари қабулкунандаро биомӯзем ва тадбирҳои зарурӣ барои ҳимояи ҳуқуқи онҳоро қабул кунем", — гуфт Раҳмон.

Ба ин далел раиси ҷумҳур дастур дод, ки то авохири соли ҷорӣ ба ҳукумат тарҳи қонун дар бораи муҳоҷирати корӣ, ки дар он ҳамаи масоили мубрами муҳоҷирони корӣ инъикос ёфта бошад, пешниҳод карда шавад.

Мавзуъ

Раҳмон гуфт, соли 2015 соли “Оила” эълон шавад
Эмомалӣ Раҳмон: камбуди нерӯи барқ мушкилоти №1 дар Тоҷикистон аст
Раҳмон гуфт, 80 дарсади хатмкунандагон ба кор таъмин мешаванд
Барчаспҳо:
ироъаи пайём, порлумон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ