Додситон: ҳар қатли ҳафтум дар вилояти Маскав кори дасти муҳоҷирон аст

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкАслиҳа. Акс аз бойгонӣ
Аслиҳа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бештари аз ҷиноёте, ки атбоиъи кишварҳои ИДМ дар вилояти Москав дар соли гузашта содир кардаанд, вазнин ва махсусан вазнин мебошанд. Ҳудуди 50% нақзи муқаррароти қонуни муҳоҷират афзоиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Тақрибан ҳар як куштори ҳафтум дар вилояти Маскав аз сӯйи шаҳрвандони ИДМ сурат гирифтааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба додситони ин минтақа Алексей Захаров.

Қаблан додситон гуфта буд, ки мизони умумии ҷиноёт дар вилояти Маскав дар соли 2014 андаке коҳиш ёфтааст: 126,8 ҷароим ба ҳар 10.000 аҳолӣ, ҳарчанд дар соли 2013 ин нишондод 147,6 буд.

"Шаҳрвандони ИДМ дар қаламрави вилояти тахминан ҳар як ҳафтум қатлро содир кардаанд ва бештаре аз ҷиноёти муҳоҷирон сангин ва ё махсусан сангин мебошанд", — гуфт Захаров рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи ниҳоии додситонии вилоят. Ҳарчанд омори дақиқи чунин ҷиноётро эълом накард.

Ба гуфтаи вай, миқдори бештари ҷиноёти аз сӯйи шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда дар навоҳии Истра, Красногорск ва Митиши сабт шудааст.
Захаров хабар дод, ки баъд аз тақвияти тадобир барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ, додситонҳо дар ин арса 11% бештар нақзи қавонинро ошкор карданд. Ҳамчунин ба 50% теъдоди афроде, ки барои нақзи қавонини муҳоҷират ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, афзоиш ёфтааст.

"Додгоҳҳои вилоят 54615 қарори ихроҷи атбоъи хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандиро содир карданд, ки дар муқоъиса бо соли 2013 12 маротиба бештар аст", — тавзеъ дод додситон ва изофа кард, ки омори парвандаҳои ҷиноӣ барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳарчанд тамоюли афзоиш карда бошад ҳам, вале ба миқдори андак.

Ба гуфтаи Захаров, дар соли 2015 "тағйирот дар низоми муҳоҷирати кориро бояд дар назар гирифт". "Мизони бо кор таъмин будани муҳоҷирон дар поёни соли 2014 коҳиш ёфт, вале бо ин вуҷуд бахши аслии онҳо ҳамчунон дар ҳудуди вилоят зиндагӣ мекунанд. Тадобир барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд аз сӯйи додситонҳо дар тӯли соли ҷорӣ якҷо бо ниҳодҳои Идораи муҳоҷират, бахши пулис дар шаҳри Маскав, вилояти Маскав ва ниҳодҳои дигари интизомӣ анҷом дода шаванд", — хулоса кард вай.

Лентаи хабарҳо
0