17:38 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Бозрасии ИФМ Русия. Акс аз бойгонӣ

Аз Қазон 20 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ мекунанд

© Sputnik / Михаил Мордасов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Бист шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи муқаррароти қавонини муҳоҷират интизори ихроҷ аз Русия ҳастанд ва чаҳор тан аз онҳо аснод надоранд.

ДУШАБЕ, 11 фев — Sputnik. Бист нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазон (Ҷумҳурии Тотористон) ихроҷ мешаванд, хабар медиҳад намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия.

"Феълан дар маркази нигаҳдории муввақати атбоъи хориҷӣ дар шаҳри Қазон 20 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки нисбати онҳо ба далели ҷароими маъмурӣ ҳукми додгоҳҳо дар бораи ихроҷ содир шудаанд", — омадааст дар хабар.

Ҳангоми сӯҳбати корманди намояндагӣ бо муҳоҷирони дар ин марказ қарор дошта, мушшахас шудааст, ки чаҳор нафар шаҳрванд аслан асноди шахсӣ надоранд. Ҳамакнун онҳо асноди заруриро аз консулгарӣ интизоранд.

Тибқи иттилоъи Идораи федероли муҳоҷирати Русия, дар соли 2014 аз ин кишвар ҳудуди 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.

Мавзуъ

Расонаҳо: идораи муҳоҷират ва зиддимухадироти Русия лағв мешаванд
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
Барчаспҳо:
ихроҷи атбоъи тоҷик аз Қазон, маркази нигаҳдории муввақати атбоъи хориҷӣ дар шаҳри Қазон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ