Муҳоҷирон аз сафири Тоҷикистон дар Русия дархости кӯмак карданд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСупоридани санҷиш. Акс аз бойгонӣ
Супоридани санҷиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар номае, ки муҳоҷирони кории тоҷик унвонии сафири Тоҷикистон дар Русия ирсол кардаанд, аз сафир дархости мусоъидат дар нармтаркунии қавонини муҳоҷирати ФР ва соддатар кардани шароити фаъолияти қонунии кории онҳо дар Русия шудааст.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Гурӯҳе аз муҳоҷирони кории тоҷик аз сафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов дархост кардаанд, ки дар нармтар кардани қавонини муҳоҷирати ин кишвар мусоидат кунад, навиштааст хабаргузории "Tojnews".

Дар нома омадааст, ки бо тасвиби қавонини ҷадид дар соли 2015 муҳоҷирон худро бештар бенаво ва беҳуқуқ эҳсос мекунанд. Онҳо зикр кардаанд, ки ба Русия "на аз зиндагии хубе мераванд".

"Мо барои дарозмуддат волидайни худ, фарзандони хурдсол ва ҳамсари худро танҳо гузошта ба Русия барои пайдо кардани маблағе барои зиндагии наздиконамон меравем. Пайвандони худро танҳо гузошта мо барои кор на бо ҳадафи сраватманд шудан, балки барои ба даст овардани маблағи пардохти таҳсили фарзандон, муолиҷаи волидайни солхӯрда, барои таъмини зиндагии оилаи худ меоем", — зикр шудааст дар нома.

Муҳоҷирон ба сафир хабар додаанд, ки барои дарёфти муҷҷавизи кор дар Москав бояд 14 ҳазор рубл пардохт кард, вале вуҷуди ин маблағ низ ҳанӯз ба даст овардани ин санадро кафолат намедиҳад.

Ба гуфтаи онҳо, маъмулан далели аз нав супоридани санҷиш, ки харҷи маболиғи изофиро ба дунбол дорад, надоштани донишҳои компютерӣ ва ё дониши нокофии таърих, қавонини Русия ва забони русӣ мешаванд

"Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муҳоҷири оддии корӣ дар қаламрави Русия ҳастем чӣ бояд кунем? Дар чунин вазъият мо худро чӣ гуна наҷот диҳем — дар қаламрави Русия бимонем ва ғайриқонунӣ кор карда барои бозпас додани қарзҳои худ пул ҷамъ кунем? Зеро, бештаре аз мо барои расидан ба Русия аз бонкҳо ва ё шиносҳо бо суди зиёд қарз гирифтаем", — пурсидаанд ҳамватанони мо аз намояндаи расмии кишвар дар Русия.

Муҳоҷирон навиштаанд, ки ба ҳангоми корзори интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва имзои созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ваъдаҳое дода шуданд, ки мӯҳлати будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия то се сол тамдид мешавад. Аммо бо баҳонаи қавонини ҷадиди муҳоҷират маҳз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз қаламрави Русия ба таври дастҷамъона ихроҷ карданд.

Онҳо ёдовар шуданд, ки он замон ҳатто он идда аз тоҷикҳоеро низ ихроҷ мекарданд, ки асноди муҳоҷиратиашон дуруст таҳия шуда буданд. Ба эътиқоди онҳо, бархе аз атбоъи тоҷикро дар машварат бо корфармоён ихроҷ карданд, зеро онҳо қарзи пули кори онҳоро намехостанд пардохт кунанд.

"Пас, дар чунин шароит мо чӣ кор кунем, мӯҳтарам Имомиддин Сатторов? Мо, албатта, дарк мекунем, ки феълан дар бозори кори Русия ба шаҳрвандони худашон ва Украина авлавият дода мешавад. Мо, муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба ҳеч касе дар қаламрави Русия лозим нестем, дар кишвари худ аслан ҷойи сухан нест", — зикр мешавад дар муроҷиъатнома.

Дар ниҳоят муҳоҷирони корӣ аз сафир хоҳиш кардаанд, ки бо мудири ИФМ Русия Константин Ромодановский дидор карда қавонини феълии муҳоҷират дар қаламрави Русияро баррасӣ кунад.

"Аз шумо хоҳиш дорем, муроҷиати мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки манофеъи онҳоро шумо намояндагӣ мекунед, сарфи назар накунед ва тағйироте ба қавонини феълии муҳоҷрати Русия ворид кунед, то муносибати онҳо ба мо, муҳоҷирони оддии корӣ нармтар шавад", — омадааст дар муроҷиъатнома.

Лентаи хабарҳо
0