Дар Шӯрои ҳуқуқи инсон наҳваи ироаи муҷҷавизи кор матраҳ шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкИроаи нахустин муҷҷавизҳои кор. Акс аз бойгонӣ
Ироаи нахустин муҷҷавизҳои кор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масоили иҷрои фаннии наҳваи ҷадиди ироаи муҷҷавизи кор барои муҳоҷирони корӣ дар Маскавро намояндагони ниҳодҳои зирабт баррасӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Имкони супоридани ташхисот таввасути санҷишҳои фаврӣ барои гирифтани муҷҷавизи кори муҳоҷирони корӣ дар Шӯрои ҳуқуқи инсони раёсати ҷумҳурӣ (ШҲИ) матраҳ шудааст, хабар медиҳад сойти ин ниҳод.

Рӯзи ҷумъа дар ШҲИ ҷаласаи корӣ дар робита ба мушкилоти ироаи муҷҷавизи ҷадид ба муҳоҷирони корӣ баргузор шуд. Дар музокирот аъзои шӯро, намояндагони ИФМ, вазорати кор, вазорати маориф ва илми Русия ва ҳукумати Маскав ширкат карданд.

"Раиси шӯро Михаил Федотов пешниҳод кард, ки имкони супоридани ташхисот тавассути санҷишҳои фаврӣ фароҳам карда шавад. Ин амр соддатар мешавад, вале рӯшан нест, ки ба чӣ миқдор арзонтар хоҳад буд. Намояндаи шаҳрдории Маскав изҳор дошт, ки пизишкон феълан ин мавзуъро баррасӣ мекунанд", — изҳор дошт раҳбари ШҲИ дар умури сиёсати муҳоҷират Евгений Бобров зимни тавзеъи хулосаи ин нишаст.

Ба гуфтаи вай, раҳбари бахши сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав Максим Решетников пешниҳод кард, ки сабти номи дактилоскопӣ ба мушшахаскунии дактилоскопӣ иваз карда шавад, зеро ироъаи муҷҷавиз танҳо иқдоме нест, ки мушшахасоти дактилоскопӣ зарур мешавад.

"Дар ин сурат иттилоъро бо мушшахасоти пойгоҳ муқоиса кардан мумкин аст, яъне зарурати аз нав гирифтани изи панҷа ва сарфаи пулу вақт барои ин кор зарур намешавад", — иқтибос овардааст сойти ШҲИ аз гуфтаҳои Бобров.

Вай ҳамчунин зикр кард, ки ИФМ ва шаҳрдорӣ изҳори ризоият карданд, ки мӯҳлати гузариш ба муқаррароти наҳваи ҷадиди ироаи муҷҷавиз муқаррар карда шавад — то ки маблағе, ки мардум барои муҷҷавизи қаблӣ барои соли 2015 пардохт кардаанд, беҳуда масраф нашавад.

Муҷҷавизи кор дар Русия танҳо то моҳи марти соли 2015 эътибор дорад

Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки салоҳияти ниҳодҳои минтақавии ИФМ барои тамдиди муҷҷавиз фарохтар карда шавад, зеро тибқи қавоиди ҷадид ин умур танҳо ба ниҳодҳои давлатӣ дар манотиқ вогузор карда шудааст, вале онҳо аз таҷрибаи кофӣ дар ин замина бархурдор нестанд, зеро чунин салоҳиятро аз авоили соли ҷорӣ бар дӯш гирифтаанд.

Ҳамчунин,  дар ин ҷаласа мушкили аз нав сабти ном кардани муҷҷавизро баррасӣ карданд: дар Маскав дар моҳҳои январу март бояд 800 ҳазор муҷҷавиз дубора сабти ном шавад ва ин мӯҳлат хеле андак аст ва ба ин далел қавонин бояд ба наҳвае ислоҳ шавад, ки дубора сабти ном шудани муҷҷавиз дар тӯли сол имконпазир бошад, мӯътақид аст Бобров.

Лентаи хабарҳо
0