Ҳашт муҳоҷир дар "зиндони муҳоҷирон"-и Маскав қасди худкушӣ карданд

© Sputnik / Алексей КуденкоТашхиси табиб. Акс аз бойгонӣ
Ташхиси табиб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
8 муҳоҷир аз Тоҷикистону Гурҷистон ва Арманистону Украина ба нишони эътироз ба шароити боздоштгоҳи муваққати шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Маскав қасди худкушӣ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. 8 муҳоҷири боздоштшуда дар боздоштгоҳи муваққати шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия ба нишони эътироз ба шароити ин "зиндони муҳоҷирон" қасди худкушӣ карда ва рагҳои дастони худро буридаанд, хабар медиҳад "Новые известия".

"Захмҳои бардоштаи ин 8 нафар хатарнок набуд ва ба онҳо дар худи боздоштгоҳ ёрии тиббӣ расонда шуд", — гуфтаанд мақомоти интизомӣ.

Кумитаи тафтишоти Русия хабар додааст, ки ин қазияро таҳқиқ мекунад.

Дар хабарҳо зикр мешавад, ки ин муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон ва Украин будаанд, ки ба далели нақзи қавонини будубоши Русия боздошт гардидаанд.

Вале ҳанӯз маълум нест аз ин 8 нафар чанд нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Исми эшон ҳоло зикр нашудааст.

Дар боздоштгоҳи муваққати шаҳрвандони хориҷӣ садҳо нафар ва асосан бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои кору иқомат дар Русия ва ё убури ғайриқонунии марзи ин кишвар нигоҳ дошта мешаванд. Аксари ин боздоштшудаҳоро баъдан бо қарори додгоҳҳо ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ мекунанд, вале баъзан ин муҳоҷирон ҳукми худро дар ин боздоштгоҳи орӣ аз шароити лозим то 7 моҳу 8 мунтазир мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0