Коршиносон: муҳоҷирон аз ОМ ба рушди иқтисоди Русия монеъ мешаванд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон хиёбонҳои Москавро аз барф тоза мекунанд. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон  хиёбонҳои Москавро аз барф тоза мекунанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба эътиқоди коршиносон сатҳи пасти тахассусӣ ва дар натиҷа мизони пасти тавлидоти муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тавсеъаи иқтисоди Русия монеъ мешаванд.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Мизони коркунии муҳоҷирони корӣ аз ОМ паст аст ва ин амр аз рушди фанноварӣ ва тавсеъаи иқтисоди ФР монеъ мешавад, иқтибос овардааст РИА Новости аз суханронии узви утоқи ҷамъиятии Ҷавонони Русия Михаил Синитсин.

"Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ нерӯи кори бидуни тахассус маҳсуб мешаванд. Мизони тавлидоти кори онҳо дар ин ҷо пойин аст ва ин амр аз рушди фанноварӣ ва тавсеъаи иқтисоди Русия монеъ мешавад", — гуфт Синитсин.

Ба эътиқоди сиёсатшинос ҳузури муҳоҷирон аз Украина вазъро дар бозори кор каме тағйир медиҳанд.

"Онҳо низ маъмулан дар бахши сохтмон истифода мешаванд, вале на ба унвони коргарони қаторӣ, балки ҳамчун коршиносони ҳирфаӣ — муҳандисон, сардорон", — мегӯяд вай.

"Вазъ зимни истифода аз нерӯи кори мутахассисон комилан дигар аст", — зикр кард раҳбари Маркази демографияи иҷтимоӣ ва сотсиологияи иқтисодии Донишкадаи пажӯҳишҳои иҷтимоӣ ва сиёсии Фарҳангистони улуми Русия Сергей Рязантсев.

Ба гуфтаи вай, ин гурӯҳ хеле андак аст ва маъмулан атбоъи кишварҳои аврупоӣ ва ИМА фаро мегирад. Маъмулан ин афрод дар ширкатҳои хориҷӣ ва ё ширкатҳои муштарак фаъолият мекунанд.

"Ин афрод дар бахшҳои марбут ба фурӯшгоҳҳои силсилавӣ ва ё ширкатҳое, ки дар Русия тавлидот доранд, машғуланд. Аз миёни кишварҳои аврупоӣ тибқи муҷҷавизҳои ироъашуда Сербия дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад: дар соли 2013 ба атбоъи Сербия 9 ҳазор муҷҷавизи кор ироъа шуда буд. Ба ин феҳраст Туркияро низ метавон шомил кард — 27 ҳазор муҷҷавиз. Вале туркҳо маъмулан ба бахши сохтмонӣ, ширкатҳои тавлиди оби ҷав ва ширкатҳои ҳавоӣ тамаркуз доранд", — таъкид кард коршинос.

Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ОМ мисли солҳои қабл дар заминаи маболиғи интиқолкардаи муҳоҷирон ба ватан пешсафанд. Ҷойгоҳи аввалро Тоҷикистон дар ихтиёр дорад — маоши шаҳрвандони ин кишвар дар Русия ҳудуди ними тавлидоти нохолиси милли ин кишвар мебошад.

Атбоъи Қирғизистон низ ба таври қобили мулоҳиза иқтисоди кишвари худро ҳимоят мекунанд. Маъмулан, онҳо дар бахшҳое фаъолият доранд, ки нерӯ тақозо мекунад ва ё кормандони арсаи хадамот мебошанд.

Русия баъд аз ИМА аз рӯйи теъдоди муҳоҷирон дар ҷойи дуввум аст. Мақомот талош доранд, ки наҳваи муъосири танзими маҷрои муҳоҷиронро роҳандозӣ кунад — бад ин манзур барои атбоъи хориҷие, ки мехоҳанд дар Русия кор кунанд қавоиди ҷадид, аз ҷумла зарурати дарёфти муҷҷавиз ва супоридани санҷиши донистани забони русӣ ва ҳуқуқ муқаррар шуд.

Лентаи хабарҳо
0