03:25 26 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Маркази санҷиши муҳоҷирони корӣ. Акс аз бойгонӣ

Сенатор: инҳисор дар қабули санҷиш аз муҳоҷирон бояд лағв шавад

© Sputnik / Александр Поготов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Иҷрои қонуни нав дар мавриди муҷҷавиз бидуни лағви инҳисори панҷ донишгоҳи Русия барои қабули санҷиши забони русии муҳоҷирон ғайримумкин аст, изҳор дошт вакил.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳаққи қабули санҷиши забони русӣ аз муҳоҷирон барои дарёфти муҷҷавиз бояд ба донишгоҳҳои минтақавӣ ироъа шавад, пешниҳод дорад узви комитети умури байналмиллалии Шӯрои Федератсия Игор Морозов, хабар медиҳад РИА Новости.

"Дар акси ҳол иҷрои қонуни нав дар мавриди муҷҷавизи кор усулан ғайримумкин мешавад", — изҳор дошт Морозов дар ҷаласаи Шӯрои Федератсия рӯзи чаҳоршанбе.

Вакил бар ин назар аст, ки агар ҳаққи инҳисории қабули санҷиш ҳамчунон ба панҷ донишгоҳи Русия вогузор бошад, ИФМ тибқи қавонини ҷадид наметавонад муҷҷавизро таҳия кунад.

Ба гуфтаи вай, ду моҳи аввали соли ҷорӣ нишон дод, ки низоми қабули санҷиши забони русӣ ва ҳамзамон ироъаи муҷҷавизи кор бо мушкил рӯбарӯ аст ва ин амр имкон намедиҳад, ки ИФМ сареъан муҷҷавизро таҳия кунад.

"Мушкил ин аст, ки ҳамагӣ панҷ донишгоҳи кишвар аз ҳаққи қабули санҷиш ва ироъаи санад бархурдоранд ва дар натиҷа онҳо наметавонанд бамавқеъ аз ӯҳдаи ин масъулият бароянд", — зикр кард вай.

Морозов тавзеъ дод, ки ба ин тартиб бозор кори манотиқ зери суол гузошта шудаанд.

"Дар вазорати маъориф ва илм пофишорӣ доранд, ки чунин ҳаққ моли панҷ донишгоҳ боқӣ монад ва ин амр рӯшан аст: арзиши муҷҷавиз 5-6 ҳазор рубл мебошад ва ба ин тартиб баҳс сари 7-8 миллиард рубл меравад", — гуфт вакил.

Роҳи ҳалли ин мушкилро узви Шӯрои Федератсия дар ироъаи ҳаққи қабули санҷиш ва таҳияи санад аз донистани забони русӣ ба донишгоҳҳои минтақавӣ мебинад.

Бо пешниҳоди Морозов, вакилон ба комитетҳои зидахли маъориф ва қавонин дастур доданд, ки ин мавзӯъ баррасӣ шуда имкони ислоҳи қонун ва муқаррарот омӯхта шавад.

Тибқи қавонини ҷадиди муҳоҷирати ФР, коргарони хориҷӣ бояд муҷҷавиз дарёфт кунанд. Барои гирифтани муҷҷавиз муҳоҷирро зарур аз ташхиси пизишкӣ гузашта аз донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қавонини Русия санҷиш биспоранд.

Мавзуъ

Расонаҳо: идораи муҳоҷират ва зиддимухадироти Русия лағв мешаванд
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, сенатор, муҳоҷират, пешниҳод барои содда кардани санҷиши донистани забони русӣ, Шӯрои Федератсия, Игор Морозов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ