03:27 26 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Терминали ҷадиди фурудгоҳи Душанбе

Лағви манъи вуруди донишҷӯён ва муҳоҷирон аз сӯйи ХФМ имконпазир аст

© Sputnik
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Сафорати Тоҷикистон якҷо бо мақомоти муҳоҷирати Русия имкони иҷозаи вуруд ба қаламрави Русия барои донишҷӯёни тоҷик, кормандони илмӣ ва ҳамчунин ба бархе аз муҳоҷирони кориро баррасӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Имкон дорад ХФМ Русия манъи вуруд ба донишҷӯён, унвонҷӯйҳо, кормандони илмӣ ва муҳоҷирони корие, ки ҷурми на чандон сангин содир кардаанд, лағв кунад, хабар медиҳад пойгоҳи интернетии "Россия для всех" бо истинод ба сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.

"Мо феълан эҳтимоли лағви маҳдудият ба вуруди куллия донишҷӯён, унвонҷӯйҳо ва кормандони илмиро баррасӣ мекунем. Ба ин тартиб, куллия афроде, ки ба далели ҳозир нашудан ба дарсҳо аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд ва барояшон вуруд ба ин кишвар мамнуъ шудааст, бояд барқарор шаванд", — изҳор дошт Сатторов.

Ба гуфтаи вай, дар дастури музокирот мавзӯъи боз кардани роҳ барои муҳоҷирони корӣ, ки ҷурми сангин содир накардаанд, қарор дорад. Вале феълан танҳо кадоме аз ин гурӯҳҳоро чунин имтиёз дар пеш аст, баррасӣ мешавад.

Сафир хабар дод, ки ба Идораи Федероли муҳоҷират дастурҳое дар ин замина дода шудаанд ва онҳо машғули ҳалли ин мавзуъ ҳастанд.

Ҳоло барои бозбинии манъи вуруди атбоъи хориҷӣ ба қаламрави Русия то панҷ моҳ вақт масраф мешавад, ҳарчанд расман барои ин амр як моҳ мӯҳлат муқаррар шудааст.

"Тасмими манъи вуруд имкон дорад бозбинӣ шавад. Ба унвони далел вуҷуди пайвандони наздик дар кишвар ва арзёбии хуби донишҷӯ дар донишгоҳ баррасӣ мешаванд", — гуфт раҳбари бахши ИФМ Русия дар шаҳри Москав Олга Кириллова.

Ба гуфтаи хонум Кириллова, аризаи бозбиниро метавонад дар кишвари худ ва ё дар Русия ироъа кард. Ба гуфтаи вай, маъмулан аснод барои лағви мамнуъиятро тибқи шаҳодатномаи нафаре, ки берун аз қаламрави Русия қарор дорад, маъмулан ба қабулгоҳи ҷамъиятиии ИФМ Русия пешниҳод мекунанд.

"Мо низ чунин аризаҳоро қабул мекунем, вале тасмим дар сатҳи ИФМ Русия аз сӯйи маъмурияти муъовини Идора гирифта мешавад. Мӯҳлати баррасии чунин аризаҳо як моҳ аст. Мутаъассифона, мавориде низ буданд, ки чунин аризаҳо вақти тӯлонитар баррасӣ мешуданд, вале ин маворид дар ҳоле буданд, ки муроҷиъатҳо зиёд буданд ва ҳоло вазъ муътадил шудааст", — изофа кард вай.

Мавзуъ

Нигаронии маскавиҳо аз муҳоҷират, ҷиноёти қавмӣ ва кисабурон
Расонаҳо: идораи муҳоҷират ва зиддимухадироти Русия лағв мешаванд
Созмони муҳоҷират: мизони бекорӣ солҳои наздик афзоиш меёбад
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
Барчаспҳо:
эҳтимоли лағви маҳдудияти вуруди муҳоҷирон ба Русия, муҳоҷират, муҳоҷирон, сафорати Тоҷикистон дар Русия, Олга Кириллова, Имомуддин Сатторов, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ