Изҳори ҳамдардии Сафорати ҶТ ба қурбониёни оташсӯзии бозори "Адмирал"

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкҒунучини заволаҳои маркази сӯхтаи "Адмирал"
Ғунучини заволаҳои маркази сӯхтаи Адмирал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба маълумоти пешакӣ, дар сӯхтори бузурги шаби 11 ба 12 март дар фурӯшгоҳи “Адамирал” – и шаҳри Қазон 5 шаҳрванди Тоҷикистон қурбон шудаанд.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба наздикони тоҷиконе, ки дар сӯхтори шаби 11 март дар фурӯшгоҳи "Адмирал" — и Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористон қурбон шуданд, изҳори ҳамдардӣ кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Сатторов хостори ироаи тамоми ёроиҳои лозим ба наздикони қурбониён ва осебдидагон шудааст.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорат рӯзи 12 март ба радио гуфтааст, хабари ҳалокати муҳоҷирони тоҷик ва он ҳам 5 нафар дар сӯхтори Қазон ҳамаи аҳли сафорати Тоҷикистонро сахт андӯҳгин кардааст.

"Сафир Имомуддин Сатторов ба ҳамаи онҳое, ки азизони худро дар ин фоҷиа аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кард ва ба консули Тоҷикистон дар Уфа амр дод, ки тамоми ёрии мумкинро ба наздикони қурбониён бирасонанд. Аз ҷумла мувофиқа шудааст, ки ҷанозаҳои ҳалокшудагонро тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бидуни ягон пардохт ба Ватан бирасонанд", — афзудааст Эгамзод.

Ҳалокати 5 тоҷикистонӣ дар сӯхтори Қазон

Ба иттилои Эгамзод, Қазон ва дар мамҷӯъ Тотористони аксаран мусалмоннишин яке аз маконҳои нисбатан хеле орому амн барои муҳоҷирони тоҷик ба шумор меравад ва ба ин далел шумори бузурге аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ дар ҳаминҷоро ихтиёр кардаанд.

Молики маркази тиҷоратии "Адмирал" мегӯяд, вай борҳо таҳдид гирифта буд, ки марказашро хоҳанд сӯзонд. Ҳусейн Қаҳрамонов, мудири ширкати "Заря", ки саҳмияҳои "Адмирал"-ро дар даст дорад, ба шабакаи телевизионии "Lifenews" гуфтааст, ин таҳдидҳоро воқеъӣ гирифта буд ва ҳатто шумори муҳофизони бозорро зиёд кард.

"Таҳдид мекарданд. Аммо намедонам, киҳо. Маҷбур будем, ба ғайри муҳофизон хешу табор ва нафарони наздикамро ҳам ба ҳифозати бозор ҷалб кунам. Шаби рӯз навбатдорӣ мекардем", — гуфтааст Қаҳрамонов.

Фурӯшгоҳи "Адмирал", ки яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии мухтори Тотористони Русия буд, шаби 11 март ба коми оташ рафт. Бино ба гузоришҳо, сӯхтор 4 000 метри мураббаъ замини бозори "Адмирал"-ро фаро гирифта, мунҷар ба ҳалокати чандин нафар шудааст. 25 тани дигар, бовар меравад, ки зери овори бинои бозор мондаанд ва расман нопадидшуда ба шумор мераванд.

Ҳикматуллоҳ Гадоев, раҳбари созмони тоҷикони ҷумҳурии мухтори Тотористони Русия рӯзи ба "Радиои Озодӣ" гуфтааст, шумори танҳо тоҷикони қурбоншуда дар сӯхтори бозори "Адмирал" — и шаҳри Қазон ба 5 нафар расидааст. Ҳикматулоҳ Гадоев мегӯяд, "ин нафари панҷум Асадуллоҳ ном дошта, аз шаҳри Душанбест ва 22 сол дорад. Ҳамаи тоҷикони ҳалокшуда дар ин бозор дӯкон доштанд." Ӯ афзуд, 2 шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон қарор доранд.

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия қаблан хабар дод, ки дар сӯхтори шаби гузашта дар маркази тиҷоратии "Адмирал" дастикам 5 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам қурбон шудаанд.

Иброҳим Аҳмад, сухангӯи Намояндагии вазорати меҳнат дар Маскав мегӯяд, ҷасадҳои ин 5 нафар аллакай берун оварда шуда, ташхис ва шиносоӣ шудаанд.

"Ин танҳо онҳоеянд, ки шахсияташон аллакай маълум карда шудааст. Дар зери харобаҳои бозори "Адмирал" даҳҳо нафари дигар боқӣ мемонанд. Ва мо дуо мекунем, ки дар байни онҳо дигар ягон ҳамватани мо набошад", — афзудааст сухангӯ.

Бино ба маълумоти пешакӣ, қурбониҳои тоҷики ин фалокат аз 19 то 44 сол доштаанд:

Қосимҷон Аъзамхоҷаевич Тӯраев, соли таваллудаш 15.06.1971, аз ноҳияи Рӯдакӣ,

Ҳикматуллои Ҳайтуллохон, соли таваллудаш 26.02.1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ,

Эмомалӣ Раҳматуллоевич Риёев, с.Т. 04.11.1984, аз ноҳияи Ёвон,

Алишер Азизович Давронов, соли таваллудаш 08.11.1996.

Бино ба ҳисобҳо, дар бозори "Адмирал" аз 200 то 300 нафар муҳоҷирони тоҷик машғули кор буданд.

Лентаи хабарҳо
0