Дар вилояти Волгоград барои 30 ҳазор муҳоҷир ҷои кор меёбанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкИроаи патенти кор. Акс аз бойгонӣ
Ироаи патенти кор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар манотиқи марказии Русия мавсими кишти баҳорӣ наздик мешавад, одатан барои ин кор муҳоҷирон аз кишварҳои дуру наздикро ҷалб месозанд.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Хадамоти муҳоҷирати вилояти Волгоград тасмим дорад барои 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки ба ин минтақа барои кор меоянд, патент бидиҳад, менависад Раёсати вилоятии ХФМ.

Ба нақша гирифта шудааст, ки даромад аз ин тасмим ҳудуди ним миллиард рублро ташкил медиҳад ва он ба буҷаи вилоят равона мешавад.

Дар Маскав патент барои муҳоҷирон 4000 рубл арзиш хоҳад дошт

Ба иттилоъи хадамоти мазкур, аз аввали сол то имрӯз қариб 2,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани патент муроҷиат кардаанд. Аксари онҳо сокинони кишварҳои наздик буда, ба корҳои саҳроӣ машғуланд.

Барои дастрас кардани патент (иҷозаномаи кор) муҳоҷир бояд имтиҳон аз забони русӣ супорад. Фаъолияти меҳнатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия манъ аст, дар акси ҳол муҳоҷир аз қаламрави он кишвар ихроҷ мегардад.

Нархи патент барои як моҳ дар вилояти Волгоград 2 600 рубл муайян шудааст. Мӯҳлати омода кардани санад як ҳафта аст.

"Арзиши патент ба тариқи пешпардохт барои аз як то дувозадҳ моҳ имконпазир аст. Қаблан, муҳоҷирон то се моҳ пешпардохт карда метавонистанду бас. Омадани муҳоҷирон асосан дар моҳҳои апрел-июн, вақте ки киштукор  ва ҷамъоварии ҳосил шурӯъ мегардад, ба назар мерасад ",- қайд кард муовини сардори шӯъбаи РХФМ дар вилояти Волгоград Евгений Мун.

Лентаи хабарҳо
0