Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкБонк. Акс аз бойгонӣ
Бонк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои Бонки марказии Русия, интиқоли маблағи муҳоҷирон аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҳудуди 6,6 дарсад коҳиш ёфтааст. Аммо бо ин ҳол низ, тоҷикон дар интиқоли маблағ аз Русия ҷойи дувумро касб кардаанд.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 6,6 дарсад кам шудааст, менависад "Радиои Озодӣ" бо такя ба Бонки марказии Русия.

Cоли гузашта ба воситаи бонкҳо аз аз ин кишвар ба Тоҷикистон 3 миллиарду 831 ҳазор доллари ИМА интиқол ёфтааст. Ин нишондод ба ҳисоби миёнаи як амалиёти интиқолӣ 295 долларро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби Бонки марказии Русия аз Тоҷикистон ба ин кишвар 467 миллион доллари ИМА интиқол ёфтааст.

Маблағи аз Русия ба Тоҷикистон интиқолёфта нисбат ба соли 2013 ҳудуди 324 миллион доллар ё 8% камтар мебошад. Соли 2013 ба воситаи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 4 миллиарду 155 миллион доллари ИМА ёфта буд.

Дар миёни кишварҳои ИДМ аз Русия беш аз ҳама ба Ӯзбакистон 5 млрд. 581 млн. доллар интиқол шудааст. Дар мақоми дуюм Тоҷикистон қарор дорад, баъдан Украина мебошад. Дар соли 2014 аз Русия ба Украина 2 миллиарду 247 миллион ба воситаи системаҳои бонкӣ интиқол додаанд.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҳаҷми умуми маблағҳое, ки дар соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон ворид шудаанд, 89,1 фоизро рубли русӣ, 10,8 фоизро доллари ИМА ва 0,1 фоизро Евро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешбинӣ мекунад, ки дар соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағ бо доллари ИМА ба Тоҷикистон ҳудуди 30% коҳиш меёбад.

Қаблан, Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки соли 2014 ҳаҷми умумии интиқолҳои пулии ба ҷумҳурӣ воридшуда 3,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 8,3 фоиз камтар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0