Оҷонсӣ: муҳоҷирон бо дастмузди кам дар ватан кор кардан намехоҳанд

© Sputnik / Амир ИсаевАробакаш дар яке аз бозорҳои пойтахт. Акс аз бойгонӣ
Аробакаш дар яке аз бозорҳои пойтахт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳоҷирони корие, ки бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ ва қоунҳои нави муҳоҷират Русияро тарк кардаанд, дар мақомоти маҳаллӣ бо сабаби пастии маош кор кардан намехоҳанд.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Тайи се моҳи соли равон ба Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бештар аз ҳазор нафар аз муҳоҷироне, ки аз Русия баргаштаанд, барои пайдо кардани кор муроҷиат кардаанд, аммо ҳамагӣ 115 тани онҳо бо кор таъмин шудаанд, менависад Радиои Озодӣ бо такая ба мори оҷонсии номбурда.

"Ин шумора дар қиёс ба теъдоди бузурги муҳоҷирони баргаштаи тоҷик дар пайи бӯҳрони молиявӣ ва шадидтар шудани қонунҳои Русия дар нисбат ба муҳоҷирон ночиз шумурда мешавад",-меафзояд манбаъ.

Тафтиши асноди муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон: бо баргаштани муҳоҷирон Тоҷикистон “талхком” хоҳад шуд

Ба қавли сардори раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии вазорати меҳнат Раҷабалӣ Гулшанов, теъдоди бузурги муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон баргашта бошанд ҳам, дар муроҷиати онҳо барои таъмин бо ҷои кор дар қиёс ба солҳои гузашта ҳеч тағийри ҷиддие мушоҳида намешавад. Ӯ мегӯяд, муҳоҷирони баргашта дар ҳоле барои пайдо кардани кор ба онҳо муроҷиат мекунанд, ки роҳи бозгашт ба Русияро надошта, ҳамчунин дар пайдо кардани шуғл мушкилӣ мекашанд.

"Сабаби муроҷиат накарданашон ин аст, ки ҳанӯз захираи пулҳои овардаашон аз Русия тамом нашудааст. Вақте пулашон тамом шуд, ба мо муроҷиат мешавад, ки ҳатман мо барояшон кӯмак мекунем",- илова кардааст Гулшанов.

Ин масъули оҷонсӣ мегӯяд, муҳоҷирони баргашта бо маоши бештар дар Русия кор кардаанд ва чандон майл надоранд, бо маоши кам дар Тоҷикистон кор кунанд.

 "Он ҷо аз 600 доллар то 800 доллар маош мегирифтанд. Ҳоло дар мо маоши ҳади ақал 250 сомонӣ ҳаст ва аз моҳи сентябр 400 сомонӣ хоҳад шуд. Муҳоҷирон, ки бо маблағи бештар кор кардаанд, чандон хуши бо маоши камтар кор карданро надоранд",- иброз дошт сардори раёсати оҷонсӣ.

Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вакилони тоҷик хостори пуштибонӣ аз муҳоҷирон мебошанд

Қурбоналӣ Аламов, муҳоҷире, ки 6 моҳ пеш аз Русия баргаштааст, мегӯяд, ба он хотир ба шуғли аҳолӣ муҳоҷират накардааст, ки ин Оҷонсӣ барои пайдо кардани кор моҳҳо мунтазират мекунад ва дар ниҳоят "бинобар пайдо нашудани кори мувофиқ" аз рӯйхат берунат меандозад.

"Барои ҳамин вақте омадам, бо пули доштаам як мошин харидам ва ҳоло таксӣ мезанам. Зиндагиамро бо ҳамин восита мегузаронам. Дигар ҳеҷ коре нест, ки ин ҷо бикунем",-афзуд Аламов.  

Ҳоло муҳоҷироне, ки бинобар аз даст додани корашон дар Русия ба ватан баргаштаанд, бештар дар маконҳое ҷамъ мешаванд, ки бо номи "Мардикорбозор" маъруф аст. Шумораи ин гуна ҷойҳо, ки дар тамоми шаҳру навоҳӣ ба 23 адад мерасад, мардикоронеро ҷамъ мекунад, корҳои мувақатииро бо фармоши сокинон, мисли таъмири манзил ё корҳои саҳроӣ анҷом медиҳанд.

Дар пайи шадид шудани қонунҳои муҳоҷират ва поин рафтани қурби рубли русӣ, теъдоди зиёди муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар ҳоле, ки ҳамасола сар аз моҳи феврал сафари муҳоҷирон ба Русия шурӯъ мешуд, аммо ҳоло дар ду моҳи ахир беш аз 70 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Русия ба ватан баргаштаанд, менависад Радиои Озодӣ. Бояд қайд кард, ки ин расона дар мавриди аз куҷо дастрас кардани ин маълумот иттилоъ надодааст. 

Лентаи хабарҳо
0