Манъи вуруди 1,3 миллион муҳоҷир ба қаламрави Русия

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСабти номи мусофирон дар фурудгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Сабти номи мусофирон дар фурудгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари ИФМ Русия қавоиди ҷадиди танзими раванди муҳоҷиратиро муассир унвон карда ва муътақид аст, ки бояд бидуни саросемагӣ кор карда ҳамзамон камбудиҳои ошкоршударо сареъан бартараф сохт.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. ХФМ Русия ҳудуди 1,3 миллион нафар муҳоҷиронро мамнӯъ-ул-вуруд кард, ки ба рафтори куллияи атбоъи воридшаванда ба Русия таъсир гузоштааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба раҳбари ин ниҳод Константин Ромодановский.

"Натоиҷи ин наҳваи ҷадиди танзими равандҳои муҳоҷират дар муқоъиса бо ихроҷи муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ бамаротиб муассиртар шуд. Мануъи вуруд ба рафтори дигарон таъсир гузошт", — гуфт рӯзи чаҳоршанбе раҳбари ин ниҳод.

Раҳбари ХФМ: Русия феълан ба афви муҳоҷиратӣ ниёз надорад

Ба гуфтаи вай, низоми сиёсати муҳоҷиратӣ дар кишварро бояд "батадриҷ" бунёд кард. Иҷрои куллияи аҳдоф ғайримумкин аст ва ба ин далел бояд бидуни саросемагӣ рафтор кард ва камбудиҳои дар раванди фаъолият пайдошударо ислоҳ кард. Танҳо дар ин сурат ба ҳадафи муассири ниҳоӣ хоҳем расид, изофа кард Ромодановский.

Лентаи хабарҳо
0