Дар Русия 4 кишвари ИДМ метавонанд намояндагии муҳоҷиратӣ боз кунанд

Обуна шудан
Ниҳодҳои муҳоҷирати чаҳор кишвари ИДМ, ба гунаи Қирғизистон, метавонанд намояндагии худро дар қаламрави Русия бар пояи созишномаҳои дуҷониба боз кунанд.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Намояндагии ниҳодҳои муҳоҷиратии Арманистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон метавонанд дар зудтарин фурсат дар Русия намояндагии худро ифтитоҳ кунанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба муовини раҳбари ХФМ Русия Екатерина Егорова.

Қирғизистон нахустин кишварест, ки дар бораи боз шудани намояндагии вазорати меҳнати худ дар Русия санадеро дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои муҳоҷиратии кишварҳои узви ИДМ, ки 15 апрел дар Маскав баргузор шуд, имзо кард.

Ба гуфтаи Егорова, ба ин тартиб бар пояи созишномаҳои дуҷониба намояндагиҳои худро ин чаҳор кишвар низ метавонанд ифтитоҳ кунанд. Салоҳияти намояндагиҳо дар умури қавонини муҳоҷират барои ҳар ду ҷониб яксон хоҳанд буд.

Вай ҳамчунин зикр кард, ки умури таҳияи аснод ва ё ироъаи хадамот барои муҳоҷирон дар салоҳияти ин намояндагиҳо нахоҳанд буд. Ҳамгироӣ бо ниҳодҳои муҳоҷиратии Русия, мусоидат дар ҳалли масоили ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва ҳамчунин дар умури ҷалби бонизоми муҳоҷирони корӣ аз салоҳиятҳои намояндагиҳо мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0