04:26 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Муҳоҷират

Ҷаримаи "Пекарь" барои истихдоми нонпази тоҷик

Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Муҳоҷири тоҷик баъд аз ҷаримабандӣ аз Русия ихроҷ шудааст.

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Як корхонаи нонпазӣ дар шаҳри Маскави Русия ба далели истифодаи ғайриқонунии нирӯи кори як муҳоҷири тоҷик 1,2 миллион рубл, муодили тақрибан 24 000 доллар ҷарима шудааст, менависад сомонаи додситонии Маскав.

Сомона рӯзи 20 май бо нашри ин хабар навишт, ки дар ҷараёни тафтиши ООО "Пекарь", воқеъ дар хиёбони Вернадскийи шаҳри Маскав маъмурони додситонии байниноҳиявии Никулинов ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия як мавриди истифодаи як шаҳрванди Тоҷикистон бидуни иҷозатномаи корро ошкор кардаанд. Аммо ному насаб ва миқдори ҷаримаи ин муҳоҷир унвон нашудааст.

Дар пайи ин, муҳоҷири тоҷикро низ ҷарима баставу аз қаламрави Русия берун карда, ширкати корфарморо ҷаримаи сангин бастаанд.

Барчаспҳо:
ҷарима, муҳоҷират, нонпазӣ, ихроҷ, прокуратура, ФМС, Маскав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ