16:02 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Бунёди хона. Акс аз бойгонӣ

Ҷасади муҳоҷири худкушро ба Тоҷикистон интиқол доданд

© Sputnik / Игорь Агеенко
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Майити як тоҷикистонӣ, ки дар ҷойи кор дар Русия даст ба худкушӣ зада буд, бо кӯмаки намояндагии Вазорати меҳнат ва ҷамъияти ҳамватанон аз Ярославл ба ватан интиқол шуд.

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ҷасади муҳоҷири кории тоҷик Амонулло Қувандиқов, ки рӯзи 1-уми июн дар наздикии шаҳри Ярославл даст ба худкушӣ зада буд, ба ватан ирсол гардид, иттилоъ медиҳад сомонаи намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар ФР.

Ҷиҳати интиқоли майит ба Тоҷикистон намояндагии вазорат ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони муқими Ярославл Рустам Мирзохоҷаев кӯмак карданд.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон, ки дар сохтмони як манзили маскунӣ дар деҳаи Усти ноҳияи Ярославл худро ба дор овехтааст.

Ба қавли наздикони муҳоҷири ҳалокшуда, вақтҳои охир ӯ аз дарди шадиди сар, ки дар ҷойи кор ҷароҳат бардошта буд, шикоят мекард.

Гуфта мешавад, Қувандиков корҳои таъмириро дар сохтмон анҷом медод, аммо ҳеч гоҳ дар мавриди худкушӣ ҳарф намезад.

Барчаспҳо:
ҷасадаш ба ватани интиқол ёфт, ба дор овехтан, муҳоҷират, муҳоҷири худкуш, ҷамъияти ҳамватанон, намояндагии вазорати меҳнат дар Русия, Амрулло Қувандиқов, Ярославл, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ