Бархе аз муҳоҷирон ҳаққ доранд қарордоди корӣ пешниҳод накунанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкМаркази муҳоҷирони корӣ. Акс аз бойгонӣ
Маркази муҳоҷирони корӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни имзои қарордоди корӣ атбоъи хориҷӣ муваззаф аст мустақилона дар тӯли ду моҳ нусхаи ин қарордодро ба ИФМ ироъа кунад, вагарна муҷҷавизи кораш лағв шуда фаъолияти вай ғайриқонунӣ дониста мешавад.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ аз Қазоқистон, Арманистон ва Белорус ҳамакнун ҳаққ доранд қарордоди худ бо корфарморо ба ИФМ Русия ироъа накунанд, хабар медиҳад сомонаи "Алянс-Трудовая мигратсия".

Тибқи маъмул зимни имзои қарордоди корӣ атбоъи хориҷӣ муваззаф аст мустақилона дар тӯли ду моҳ нусхаи ин қарордодро ба ИФМ ироъа кунад, вагарна муҷҷавизи кораш лағв шуда фаъолияти вай ғайриқонунӣ дониста мешавад.

Ҳамакнун ин муқаррарот барои атбоъи Қазоқистон, Арманистон ва Белорус лағв шудааст, зеро бо ин кишварҳо созишномаҳои вижа имзо шудаанд.

Ин амр ба ин маънист, ки агар корфармо атбоъи хориҷӣ аз кишварҳои зикршударо бо кор таъмин кунад, пас ҳам муҳоҷир ва ҳам корфармо аз зарурати ироъаи нусхаи қарордод ба ИФМ озод карда мешаванд.

Ҳуқуқдонҳои ширкати "Алянс ТМ" ба корфармоёне, ки атбоъи кишварҳои дигарро бо ҷойи корӣ таъмин мекунанд, машварат медиҳад, ки мустақилона нусхаи қарордодро ба огаҳнома изофа кунанд. Бад ин тартиб корфармо мутмаъин мешавад, ки нусхаи қарордод ба ИФМ воқеъан ироъа шудааст ва ширкат аз пардохти ҷаримаи ҳангуфти 1 000 000 рублӣ барои ҳар як нафар атбоъи ғайриқонунӣ ба кор ҷалбшуда озод аст.

Лентаи хабарҳо
0