15:03 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Сафири Бритониё дар ҶТ Хю Филпотт ва вазири меҳнати ҶТ Сумангул Тағойзода дар маросими ифтитоҳи бинои ҷадиди Агентии таъмини ҷойи кор дар хориҷи кишвар

Агентии таъмини ҷойи кор дар хориҷи кишвар соҳиби бинои ҷадид шуд

© Официальный сайт Миграционной службы Минтруда РТ
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Ниҳоди ҷадиди вазорати кори Тоҷикистон ба тадриҷ будҷа ва теъдоди кормандони худро афзоиш дода соҳиби моликият, аз ҷумла бинои ҷадид мешавад.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ифтитоҳи бинои ҷадиди "Агентии таъмини ҷойи кор дар хориҷи кишвар"-и вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии ин ниҳод.

Ба гуфтаи раҳбари вазорати меҳнат Сумангул Тағойзода, танзими масоили муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон мавзӯъи умда аст ва пайваста мавриди таваҷҷӯҳи вижаи раҳбарияти кишвар қарор дорад.

Вай ҳамчунин зикр кард, ки соли гузашта дар сохтори ин вазоратхона Агентии таъмини ҷойи кор дар хориҷи кишвар таъсис шуда буд. Дар соли нахустини фаъолияти ин ниҳод ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини кормандонаш 100 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллари ИМА) ихтисос дода буд.

Дар соли 2015 будҷаи ин агентӣ то 381 ҳазор сомонӣ (бо дарназардошти таваррум ҳудуди 60 ҳазор доллари ИМА) афзоиш ёфта теъдоди кормандонаш феълан ба 27 нафар расидааст. Дар соли ҷорӣ намояндагии ин агентӣ дар ВМБК, Суғд ва Хатлон фаъол карда шудаанд.

Феълан агентӣ бо корхонаҳо ва муъассисоти Федератсияи Русия, Қазоқистон ва кишварҳои дигар барои муҳоҷирати кории сокинони кишвар қарордодҳо имзо кардааст.

Дар маросими ифтитоҳи бинои ҷадид сафири Бритониё дар Тоҷикистон Хю Филпотт, намояндагони вазорати рушди байналмиллалии Бритониё Боб Левирингтон ва созмони байналмиллалии кор Тайм Курт ширкат карданд.

Мавзуъ

Нигаронии маскавиҳо аз муҳоҷират, ҷиноёти қавмӣ ва кисабурон
Расонаҳо: идораи муҳоҷират ва зиддимухадироти Русия лағв мешаванд
Созмони муҳоҷират: мизони бекорӣ солҳои наздик афзоиш меёбад
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
Барчаспҳо:
ифтитоҳи бинои ҷадид, "Агентии таъмини ҷойи кор дар хориҷи кишвар"-и вазорати меҳнат, муҳоҷират ва иштиғоли Тоҷикистон, Сумангул Тағойзода, Хю Филпотт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ