13:55 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
ИФМ Русия. Акс аз бойгонӣ

Расонаҳо: муҳоҷирон дар боздоштгоҳи ИФМ дар Челябинск исён карданд

© Sputnik / Александр Уткин
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Барои ҷилавгирӣ аз беназмиҳо, ки дар боздоштгоҳи муваққатии атбоъи хориҷӣ дар вилояти Челябинск рух доданд ва ба манзури роҳандози фаъолияти бонизоми ин ниҳод маъмурони раёсати вилояти пулис, ИФМ ва додситонӣ ҷалб карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Муҳоҷирони аз зиндонҳо озод шуда дар боздоштгоҳи муваққати атбоъи хориҷӣ дар раёсати ИФМ вилояти Челябинск беназмиҳо карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.

Ба гуфтаи сухангӯйи раёсати вилоятии ИФМ Алена Харлова, атбоъи хориҷӣ, ки интизори ихроҷ буданд, ҳангоми бозрасии субҳона ба кормандони боздоштгоҳи вижа ҳамла карданд. Дар пайи ин беназмиҳо як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки барои ҷароими сангин чанд маротиба зиндонӣ шуда буд, фирор кард.

Аз ин беназмиҳо маъмурони раёсатҳои вилоятии ИФМ, пулис ва додситонӣ ҷилавгирӣ карданд. Феълан фаъолияти бонизоми ин ниҳод роҳандозӣ шудааст.

"Дар маҳалли ҳодиса гурӯҳи бозрасон фаъолият мекунад, — гуфт Харлова. — Дар нисбати фаъолони ин беназмиҳо бозрасии қаблазтаҳқиқотӣ анҷом дода мешавад ва дар пайи натоиҷи он тасмими қонунӣ иттихоз хоҳад шуд".

Барои ҷустуҷӯи фирорӣ маъмурони пулис, Идораи федероли амниятӣ ва раёсати ИФМ ҷалб шудаанд, омадааст дар хабар.

Мавзуъ

Нигаронии маскавиҳо аз муҳоҷират, ҷиноёти қавмӣ ва кисабурон
Расонаҳо: идораи муҳоҷират ва зиддимухадироти Русия лағв мешаванд
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
ФР барои нақзи реҷаи муҳоҷират манъи вуруд то 10 солро ҷорӣ менамояд
Барчаспҳо:
беназмиҳо, боздоштгоҳи муваққати атбоъи хориҷӣ дар раёсати ИФМ вилояти Челябинск, Алена Харлова, Челябинск, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ