09:32 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Ироъаи муҷҷавизи кор дар вилояти Москав. Акс аз бойгонӣ

ИФМ дар соли 2015 ба 755 ҳазор хориҷиён муҷҷавизи кор таҳия кардааст

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Ироъаи муҷҷавизи кор барои муҳоҷироне, ки барои иштиғол ба Русия ворид мешаванд, имкон дод, Идораи Федероли Муҳоҷират будҷаи давлатро дар тӯли панҷ сол ба маблағи 45 миллиард рубл ғанӣ созад.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Идораи муҳоҷирати Русия аз авоили соли ҷорӣ ба 755 ҳазор нафар атбоъи хориҷӣ муҷҷавизи кор ироъа ва ба ин тартиб ба будҷаи кишвар ҳуддуи ҳашт миллиард рубл ворид кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбӯъотии ин ниҳод.

"Дар соли 2015 аллакай 755 ҳазор муҷҷавизи кор таҳия шуда ба будҷа ҳудуди ҳашт миллиард рубл ворид шуд. Аз соли 2010 дар маҷмӯъ беш аз 6,5 миллион иҷозаи кор дода шудааст, ки ба будҷа ҳудуди 45 миллиард рубл суд овардааст", — омадааст дар хабар.

Дар ин ниҳод ёдовар шуданд, ки муҷҷавизи кор соли 2010 пайдо шуда судмандии худ барои кори ашхоси воқеъиро собит кард ва аз моҳи январи соли 2015 ба муҷҷавизи воҳиди корӣ табдил шуд.

Ҳамакнун атбоъи хориҷӣ аз кишварҳои бидуни муқаррароти раводид тавассути он метавонанд дар ширкатҳои ҳуқуқӣ ва инфиродӣ барои худ иштиғол пайдо кунанд. Таъкид шудааст, ки ин амр имкон дод, ки наҳваи қонунӣ шудани муҳоҷирони корӣ ва ҳамзамон ташдиди масъулият барои нақзи муқарраротро ба даст оварад.

Мавзуъ

ФР барои нақзи реҷаи муҳоҷират манъи вуруд то 10 солро ҷорӣ менамояд
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
Созмони муҳоҷират: мизони бекорӣ солҳои наздик афзоиш меёбад
Расонаҳо: идораи муҳоҷират ва зиддимухадироти Русия лағв мешаванд
Барчаспҳо:
муҷаввизи кор барои муҳоҷир, литсензия, муҳоҷират, муҳоҷирон, омори муҳоҷирати корӣ, ИФМ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ