16:51 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Муҳоҷирони корӣ. Акс аз бойгонӣ

Вазири кор: 80% сокинони корманди ҶТ дар хориҷ аз кишвар кор мекунанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Вузарои меҳнат ва иштиғоли Тоҷикистон ва Башқортистон дар чаҳорчӯбаи ҳамоиши СҲШ дар Уфа дидор карда дар ҷараёни он масоили муҳоҷирати корӣ ва мушкилот дар ин арсаро баррасӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ҳудуди 80% сокинони корманди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар кор мекунанд, изҳор дошт вазири меҳнат, муҳоҷират ва иштиғол Сумангул Тағойзода дар дидор бо ҳамтои бошқирии худ дар Уфа, хабар медиҳад сомонаи вазорати меҳнати Башқортистон.

Масоили муҳоҷирати корӣ меҳвари аслии ин дидор буд. Тағойзода гуфт, ки дар ҷумҳурӣ мизони баландӣ бекорӣ мушоҳида мешавад.

"Дар Тоҷикистон 8 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки 2,2 миллион нафар аз онҳо қобили кор ё корманд ҳастанд. Аз ин теъдод 1 миллиону 800 ҳазор нафар дар хориҷ аз кишвари худ, маъмулан дар Федератсияи Русия кор мекунанд", — зикр кард Тағойзода.

Вале зимни вуруд ба Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бо бархе аз мушкилот рӯбарӯ мешаванд, гуфт вазир.

"Ин мӯҳлати кӯтоҳи дарёфти муҷаввизи кор аст ва ҷаримаҳо барои иҷрои умури дигар алорағми корҳои дар муҷаввиз зикршуда мебошанд (ба унвони мисол, муҷаввиз барои умури сохтмонӣ дода шудааст, вале атбоъи хориҷӣ ба парвариши сабзавот машғул мебошад)", — гуфт вай.

Аммо мушкили аз ҳама бузург ба гуфтаи Тағойзода ин аст, ки ба муҳоҷире, ки роҳи тӯлониеро паси сар карда ба сурати мутавассит 50 ҳазор рубл масраф кардааст, барои дарёфти муҷаввиз ба далели нақзи муқаррароти қавонини маъмурӣ посухи радд медиҳанд.

Мавзуъ

Э.Раҳмон ба муҳоҷирон: ман доим дар фикри шумо ҳастам
Ҳуқуқвайронкунии муҳоҷирон- 80% парвандаҳои додгоҳҳои Маскав
Муҳоҷирон дар муқоиса бо Русия ба Қазоқистон бештар сафар мекунанд
Оҷонсӣ: муҳоҷирон бо дастмузди кам дар ватан кор кардан намехоҳанд
Нахуствазири Тоҷикистон барои ҳалли масоили муҳоҷирон ба Маскав рафт
Барчаспҳо:
дидори вузаро дар Уфа, вазорати меҳнати Бошқортистон, Сумангул Тағойзода, Уфа, Башқортистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ