08:28 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Маркази тестии мущоыирони корь дар Ростови лаби Дон. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷирони қубодиёнӣ имтиҳони забони русиро бомуваффақият супориданд

© Sputnik / Александр Поготов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Ҳамкории Хадамоти муҳоҷират бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират сол то сол густариш ёфта, Маркази мусоидат ба муҳоҷирон аз тарафи СБМ дар Тоҷикистон ташкил шудааст.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бо  мусоидати Созмони Байналмилалии Муҳоҷират чор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро бомуваффақият супориданд, менависад АМИТ Ховар.

"Дӯстмурод Абдиев, Ҷамшед Ғуломрасулов, Шаҳло Ҷабборова ва Бобур Исломов, сокини ҷамоатҳои мухталифи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон пас аз давраи кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ санҷишро супориданд",- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Зимнан, ҳамкории Хадамоти муҳоҷират бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират сол то сол густариш ёфта, Маркази мусоидат ба муҳоҷирон аз тарафи СБМ дар Тоҷикистон ташкил  шудааст.

Сарчашма илова мекунад, ки бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён тасмим дорад минбаъд низ ҳамкориро бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират тақвият бахшида, барои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, таълими касбии онҳо, омўзиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия мусоидат намояд.

Барчаспҳо:
муҳоҷират, муҳоҷирон, кӯмаки созмони байналмилалӣ, муҳоҷирон имтиҳон супориданд, имтиҳони забони русӣ, Созмони байналмиллалии муҳоҷират, СБМ, Ҷамшед Ғуломрасулов, Шаҳло Ҷабборова, Дӯстмурод Абдиев, Қубодиён, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ